Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми як намояндаи мухолифон ва волидону хоҳараш дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Илҳомҷон Ёқубов бо падараш Дадоҷон Ёқубов
Илҳомҷон Ёқубов бо падараш Дадоҷон Ёқубов

Як намояндаи мухолифони ҳукумат ва волидону хоҳарашро ғоибона (дар ғайбашон) дар Тоҷикистон ба муддатҳои дароз ба зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳи Хуҷанд ҳукмҳои Илҳомҷон Ёқубов, падараш Дадоҷон Ёқубов, модараш Очаҷон Ёқубова ва хоҳараш Мунира Ёқубоваро моҳи декабри соли 2023 содир кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми январ хабар ёфт.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси пешини дафтари Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, беш аз ҳашт сол боз дар хориҷа қарор дорад. Волидонаш низ дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд. Ҳоло ӯ раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва узви Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи давлат дар Тоҷикистон аст.

Дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукмро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд. Як манбаи наздик ба тафтишот бе зикри номаш рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “Дадоҷон Ёқубов ба 14 сол, Очаҷон Ёқубова ба 7 сол ва Мунира Ёқубова ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд.”

“Ҳамаи онҳоро бар асоси банди тундгароӣ муҳокима карда ва гунаҳкор донистанд,” - афзуд ҳамсуҳбати мо. Мусоҳиби мо дар мавриди Илҳомҷон Ёқубов гуфт, “ӯ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудааст”, вале соли дақиқеро ба забон наовард.

Илҳомҷон Ёқубов рӯзи 11-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз эълони ҳукмҳо огоҳ аст, вале бо он розӣ нест: “Ин ҳукмҳо сангин ҳастанд ва комилан норозиям. Падару модари солхӯрдаам ва хоҳарам ба фаъолияти ман ҳеҷ рабте надоранд, чаро бояд ба зиндон маҳкум шаванд?”

Ҳукми як мухолифи ҳукумат ва волидону хоҳари ӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ёқубов мегӯяд, мақомоти интизомии Хуҷанд ҳанӯз дар соли 2016 акси ӯро дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ гузошта буданд. “Он замон алайҳи ман ба иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва тундгароӣ парванда боз карданд. Акси падари 80-сола, модари 75-сола ва хоҳари 52-солаамро дар соли 2023 ба ин қатор изофа карданд," – илова кард ӯ.

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, баъд аз мамнуъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 кишварро тарк кард ва соли 2016 волидонашро низ ба назди худ овард.

“Як бародарам дар Тоҷикистон монда буд. Чанд муддат нопадид буд. Дар соли 2018 дарак ёфтем, ки фавтидааст. Бо талоши зиёд гӯрашро дар оромгоҳи “Нури Ислом” дар Хуҷанд ёфтем,” -- мегӯяд Илҳомҷон Ёқубов.

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин тараф парвандаи шахсони гумонбарро, ки дар хориҷа ҳастанд, дар ғайбашон баррасӣ мекунанд. Таҷрибае, ки дар Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешавад.

  • Додгоҳи вилояти Хатлон Шамсиддин Саидов, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2018 дар ғайбаш ба 15 сол зиндон маҳкум кард.
  • Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ ва раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, низ дар соли 2018 дар ғайбаш ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуда, амволи вобаста ба ӯ мусодира гардидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG