Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДТ – "оппозитсия", вале сокит. ВИДЕО


Шокирҷон Ҳакимов, Раҳматилло Зоиров ва Қиёмиддин Азизов
Шокирҷон Ҳакимов, Раҳматилло Зоиров ва Қиёмиддин Азизов

​​​​​​​Аз таъсису сабтиноми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 21 сол гузашт. Пас аз дигар шудани раҳбараш дар соли 2021 ҳизб ҳеч гоҳ изҳорот ва аз буданаш дарак надод. Чаро ҳузури ҲСДТ дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ тақрибан ба сифр баробар шуда?

“Вақте камбудҳоро мебинем...”

Ҳизби сотсиал-демократро дар соли 2002 Раҳматилло Зоиров, он вақт мушовири ҳуқуқии президенти Тоҷикистон, ташкил ва сабтином кард. Худаш дар соли 2003 аз мансаб истеъфо дод ва ба яке аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон табдил шуд.

"Аз лаҳзаи таъсис то ҳоло ҳамчун оппозитсияи сиёсӣ фаъолият дорем, на оппозитсияи идеологӣ," – мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ.

Ӯ рӯзи 20-уми декабр афзуд, "ба мисли Ҳизби коммунист ё ҳизбҳои дигар ҷонибдори тағйири асосҳои сохти конститутсионӣ нестем. Ҷонибдори дунявият, шакли идораи ҷумҳурӣ, ягона, иҷтимоӣ ва ғайра ҳастем. Аз нуқтаи тарз ва усули идора вақте камбудҳоро мебинем, дар шаклҳои муайян эътироз мекунем. Ин рисолати ҳизби оппозитсияи сиёсӣ аст."

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки асосан аз шумори устодони донишгоҳ ва зиёиён, бахусус ҳуқуқдонҳо таркиб ёфта буд, ба таври ҷиддӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ шуд. Аммо дар интихоботи порлумонии соли 2005 натавонист ба Маҷлиси Намояндагон роҳ ёбад.

Дар ин интихобот номзади ҳизб дар Конибодом, Шокирҷон Ҳакимов, раъйгириро ба даври дувум бурд, аммо саранҷом муваффақ нашуд. Роҳбарии ҲСДТ ҳамеша мақомоти Тоҷикистонро ба фишор ва дасткорӣ дар шумориши оро муттаҳам кардааст.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, “дар бисёр маврид мебинем, ки ҳизбҳо тарафдор доранд, вале вақте раъйдиҳӣ мешавад, мебинем, ки тақрибан одамони каме ба онҳо раъй доданд. Пас, маълум мешавад дар ин ҷо тақаллуб аст ё дастдарозӣ. Фишор ё чизе вуҷуд дорад, ки ба ҳамон сатҳе, ки лозим аст, намерасанд.”

Соли 2010 Ҳизби сотсиал-демократ дар остонаи интихоботи порлумонӣ аз фишорҳои зиёди ҳукумат дар маҳофил ва расонаҳо суҳбат мекард. Ҳамзамон эълон дошт, ки бо тамоми имконот дар интихобот ширкат мекунад. Ин кор сурат гирифт, вале намояндааш курсиеро соҳиб нашуд.

Ба “мактаби Зоиров” чӣ шуд?

ҲСДТ-ро то соли 2015 ва баъд аз он мушкилоти молӣ ва фишорҳои зиёде домангир буд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ин ҳизб дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳеч нақш надорад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳарчанд масъулони ҳизб танқидҳоро мепазиранд, мегӯянд, ки комилан аз саҳна берун нарафтаанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, гуфт: “Вобаста ба имкониятҳои худ кор мебарем. Дар арафаи наздик шудани интихоботҳо, чун иродаи сиёсӣ таҳти омилҳои хориҷӣ ва ба хусус кишварҳои алоҳидаи сармоягузор қарор мегирад, фурсатҳои муроҷиатҳои мустақим ба интихобкунанда пайдо мешавад.”

Аммо, ба қавли ӯ, “чун иродаи сиёсӣ вуҷуд надорад, бо вуҷуди он ки мо низ мардуми ҳамин сарзамин ҳастем, аз ҷалбу даъват кардани мо ба иди Наврӯз, Истиқлол ва ҷашнҳои дигаре, ки хусусияти умумӣ ва универсиалӣ доранд, масъулони давлат худдорӣ мекунанд.”

Ин ҳизб дар соли 2020 баргузории интихоботи президентии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ номид ва бойкот кард. Ба дунболи он, дар соли 2021, Раҳматилло Зоиров аз раҳбарии он канор рафт ва гуфт, ки саломатияш дигар барои муборизаи сиёсӣ имкон намедиҳад. Ба ҷойи худ на чеҳраҳои матраҳи ҳизб, балки муовини он замон 41-солааш ва чеҳраи ноошно дар саҳнаи сиёсӣ Қиёмиддин Азизовро гузошт.

Азизов дар моҳи июни соли 2021 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои эҳтимол ба як ҳизби ҳукуматӣ ё хомӯш табдил шудани ҲСДТ-ро рад карда, гуфта буд, ки “аз мактаби Зоиров берун намеравам.”

Бо гузашти ду сол Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба як ҳизби хомӯшу бесадое табдил гаштааст. На дафтари кор дорад, на расона, на сомона ва на саҳифае дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Танҳо номаш дар рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мондаасту бас.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳизби cотсиал-демократ 21-сола шуд, чӣ ҳол дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG