Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як намояндаи пешини ҲНИТ дар зиндон  


Раҷабалӣ Комилов ба гуфтаи наздиконаш аз соли 2018 дар зиндон буд
Раҷабалӣ Комилов ба гуфтаи наздиконаш аз соли 2018 дар зиндон буд

Раҷабалӣ Комилов, раиси собиқи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Данғара, шаби 4-уми январи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат даргузаштааст. Сабаби расмии он маълум нест.  

Як манбаи Радиои Озодӣ дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки Комилови 63-сола "гирифтори бемории фалаҷ буд". Бародараш, Ҷаннатуллоҳи Комил, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки “ӯро бо зулму ситам” зиндонӣ карда буданд.

“Қисме аз баданаш аз ҳаракат монда буд. Ба мушкилӣ ҳарф мезад. Шаби гузашта фавтид. Ҳанӯз дақиқ нест, ки сабаби аслии бемор шуданаш чӣ буд,” – гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, Раҷабалӣ Комилов пештар дар зиндони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе буд ва ду моҳ пеш, баъди бад шудани вазъи саломаташ, ба зиндони Ваҳдат интиқол ёфт.

Ҷаннатуллоҳи Комил, бародари Раҷабалӣ Комилов ва яке аз намояндагони мухолифони ҳукумат дар Аврупо, бо тасдиқи хабари марги бародараш навишт, ӯ аз соли 2018 дар зиндон буд.

Дидбони Ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch моҳи сентябри соли 2019 дар гузорише навишта буд, ки Раҷабалӣ Комилов ба гуноҳи пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ ва ҷиноятҳои номуайян дар давоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба даҳ сол зиндон маҳкум шудааст.

Ҷаннатуллоҳи Комил он вақт ба HRW гуфта буд, ки парвандаи бародараш бо мақсади ба ватан баргардондани ӯ боз шуда. Вай рӯзи 5-уми январ дар Фейсбук навишт, ки бародарашро “бо зулму ситам” зиндонӣ карда буданд. Мақомот дар бораи парвандаи Раҷабалӣ Комилов ҳеч вақт шарҳе надодаанд.

Баъд аз соли 2015 ва мамнуъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ даҳҳо узви он боздошт ва ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумат талаб кардаанд, ки аъзои зиндонии ҲНИТ-ро озод кунад, вале мақомот ин талабҳоро нодида гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG