Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Тоҷикистон дар соли 2023.  Сукут аломати ризост?


Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқзода - маҳкумшудаҳо ба 21, 30 ва 15 соли зиндон. Ҳарсе онҳо дар пайи эътирозҳо дар ВМКБ боздошт шуданд
Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқзода - маҳкумшудаҳо ба 21, 30 ва 15 соли зиндон. Ҳарсе онҳо дар пайи эътирозҳо дар ВМКБ боздошт шуданд

Душанбе бештар вақт ба далели саркӯби эътирозот дар ВМКБ, боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар ва фишорҳои дигар ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ  дар соли 2023 мавриди интиқод қарор гирифт.

Соли сипаришаванда барои мақомоти Тоҷикистон бо интиқоди тунди созмонҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва сиёсатмадорони фардӣ ба далели нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон дар ёдҳо хоҳад монд. Бо ин ҳол, алорағми дархостҳо барои ислоҳи вазъият ҳеч сабукие барои касоне, ки мудофеони ҳуқуқи башар онҳоро зиндонии сиёсӣ меноманд, вуҷуд надошт. Мақомот дар сатҳи расмӣ ба ин интиқодот посух надоданд. Баръакс, теъдоди рӯзноманигорон, фаъолон ва афроди наздик ба онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон чандин нафар бештар шуд.

Чаро мақомот танқидро нодида мегиранд ва оё интиқодҳо пайомаде доранд?

Мудофеони ҳуқуқи башар чӣ мегӯянд?

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) ба Радиои Озодӣ навишт, ки аз изҳороти боҷуръати гузоришгари вижаи СММ дар мавриди Тоҷикистон, махсусан барои маҳкумияти 6 рӯзноманигор дар соли 2022 рӯҳбаланд шуд.

“Мо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоми амалиро дар заминаи ислоҳи ин беадолатӣ шоҳид нашудем ва то андозае, ки мо медонем, мақомот ҳеч талоше барои посух ба ин интиқодоти воқеӣ анҷом надоданд. Дар соли 2023 мо дар ҷиҳати беҳбуди вазъи озодии расонаҳо дар Тоҷикистон ҳеч беҳбудиеро надидем. Ба истинои нақшаи хеле кучак, ки баъд аз зиндонӣ шудани Хуршед Фозилов ягон рӯзноманигори дигар пушти панҷара нарафт”,- менависад Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон.

Дар ин кумита мегӯянд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон ба нодида гирифтани ошкори тааҳҳудоти ҳуқуқибашарии худ идома диҳад, барои Иттиҳоди Аврупо додани мақоми Тарҳи куллии тарҷеҳот (GSP+) ба Тоҷикистон душвор хоҳад буд, чун ҳадди ақал 7 рӯзноманигор бо парвандаҳои сохта дар зиндонанд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов, пажуҳишгари ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд вокуниши байнулмилалӣ ба воқеаҳои Тоҷикистон гуногун буданд.

Аз як тараф, албатта, ин вокуниш ҳанӯз ҳам кофӣ нест, агар онро бо вазъи воқеии ҳуқуқи башар қиёс кунем. Яъне, боз ҳам теъдоди баёнияҳо кофӣ нест, ҳарчанд чандин изҳороти тундро ҳам дидем” - мегӯяд Свердлов.

Кӣ ва чӣ гуна Тоҷикистонро танқид кард?

Дар оғози моҳи декабр Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико Бен Кардин дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон хост ба саркӯби фаромарзӣ поён бидиҳад. Ин сенатори амрикоӣ дар номаи худ ба масъалаҳои бадрафторӣ ва хушунат дар зиндонҳои Тоҷикистон ишора карда, гуфтааст фишор бар рӯзноманигорон ва мудофеони ҳуқуқи башар ва инчунин саркӯби зодагони ВМКБ поён дода шавад.

Дар охири моҳи ноябри дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ИА дархост кард, ки ҳамаи омилони нақзи ҳуқуқи башар дар ВМКБ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Иттиҳодияи Аврупо инчунин аз боздошти вакилони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва блогерон изҳори нигаронӣ кард. Моҳи октябри Мэри Лолор, гузоришгари вижа дар умури ҳуқуқи инсон дар дидор бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибиек Ҳикмат бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон дархости раҳоии рӯзноманигорон ва блогерон аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро карда буд. Ӯ аз ин иқдоми худ дар шабакаи “Х” хабар дод.

Фернан де Варен. Шаҳри Душанбе, 19-уми октябри 2023
Фернан де Варен. Шаҳри Душанбе, 19-уми октябри 2023

Фернан де Варен, гузоришгари вижаи СММ дар умури аққалиятҳо рӯзи 19-уми октябр дар баёнияи худ зимни сафар ба Тоҷикистон нигаронии хосеро дар мавриди сарнавишти аққалиятҳо, аз ҷумла ҷугиҳо, аққалиятҳои мазҳабӣ ва зодагони Бадахшон “дар мавриди бахше аз ҷанбаҳо бо шумули намояндаи онҳо дар порлумон, дастрасӣ ба омӯзиш ба забони модарии онҳо ва озодии динӣ” изҳор кард.

Моҳи сентябр соли ҷорӣ ҳашт коршиноси Созмони Милали Муттаҳид гуфтанд, ки мунтазири посухи як нома ба ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, ки дар он аз сарнавишти хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ изҳори нигаронии амиқ шудааст. Дар ин номаи 20 саҳифаӣ гуфта шудааст, ки ҳуқуқи рӯзноманигорон ва фаъолони аз боздошт то маҳкама нақз шудааст.

Ғайр аз ин, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ, Дидбони ҳуқуқи башар, Freedom For Eurasia ва Freedom Now, Ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) ва ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратии CIVICU, Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон ва Гузоришгарони бидуни марз низ аз мақомоти Тоҷикистон дархости озод кардани рӯзноманигорон ва фаъолон шуданд.

Гузориши солонаи Кумисиюни озодии мазҳабии байналмилалии Амрико, ки 1-уми май мунташир шуд, Тоҷикистонро дар қатори 17 кишвари мавриди нигаронӣ дар заминаи озодиҳои динӣ ҷой дод. Ин санад дар баробари тавсияҳои дигар ба ҳукумати ИМА пешниҳоди ҷорӣ кардани таҳримҳои ҳадафмандро кардааст.

Ин феҳристи кулли созмонҳое нест, ки нисбат ба сиёсатҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди риояти ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ кардаанд.

Вокуниш чӣ гуна буд?

Мақомоти Тоҷикистон расман саркӯби ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро намепазирад ва онро ба мубориза бо ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва терроризм рабт медиҳад. Барои мисол, Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти Кумитаи рафъи табъизи нажодии СММ далели гузаронидани амалиёти махсусро дар ВМКБ ва боздошти фаъолони ин минтақаро “робитаи наздики онҳо бо гуруҳҳои ифротӣ ва террористии фаъол дар Афғонистон ба монанди ДОИШ, “Ал-Қоида”, “Ансоруллоҳ” ва дигарон” гуфт. Рӯзноманигорони боздоштшударо ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои мамнӯъ дар кишвар ба монанди “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Гуруҳи 24”, ва Ҳизби наҳзати иломӣ гунаҳкор мекунанд. Далеле, ки ҳуқуқшиносон ва коршиносон ба он бовар намекунанд. Аз сӯи дигар, пушти дарҳои баста гузаштани мурофиаи бисёре аз хабарнигорону блогерон, шубҳаву гумонҳоро ба ҳарфҳои мақомот бештар кардааст.

Пайомаде дар пай дорад?

Як фаъоли ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” мегӯяд идомаи интиқодот аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ таъсири ҷамъӣ хоҳад дошт ва пайомадҳои он баъдан эҳсос хоҳад шуд. “Эҳтимолан доираҳои мушаххас дар ҳукумат аз ин пайомадҳо хабар доранд, аммо онҳое, ки дар минтақаҳо, ба хусуси мақомоти қудратӣ надониста тасмимҳоро амалӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ кишвари осебпазир аст. Қарордодҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ғарбӣ, созукорҳои кумакҳои молӣ ба кишвар бо ҳар роҳе ба риояи ҳуқуқи башар вобастаанд. Ҳоло агар Тоҷикистон бо ҳар далели геополитикӣ зери таҳримҳо нарафтааст, ба ин маънӣ нест, ки ҳеч вақт намеуфтад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо ба ғайр аз пайомади иқтисодӣ эҳтимоли пайгарди ҷиноятӣ низ бар асоси асли салоҳияти вуҷуд дорад. “Масалан, сиёсатмадорони Сурия шояд ба ин фикр набуданд, ки онҳоро рӯзе дар Олмон ва Фаронса ба маҳкама мекашанд, аммо ҳоло чандин маврид мушоҳида мекунем”, - мегӯяд коршинос.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG