Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мэри Лолор: Баъди аз Тоҷикистон рафтан ҳам, вазъро пайгирӣ мекунам. ВИДЕО


Мэри Лолор
Мэри Лолор

Сафари Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба поён расид.

Ин сафар дар шароите сурат гирифт, ки 7 рӯзноманигору блогер боздошт шуданд ва нигарониҳо аз маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зиёд аст. Хонум Лолор дар қариб ду ҳафтаи сафараш дар Тоҷикистон кадом масъалаҳоро баррасӣ кард ва бо чӣ таассурот ин кишварро тарк мекунад? Барои посух гирифтан ба ин ва дигар суолҳо хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Мэри Лолор суҳбат карданд. Нахуст аз Гузоришгари вижаи СММ пурсидем, ки Тоҷикистонро чигуна тасаввур мекард ва чихел дарёфт?

Мэри Лолор: Пеш аз онки ба Тоҷикистон биёям, бисёр мехостам, ки аз ин кишвар дидан кунам. Дар ҳақиқат баъд аз онки ҳамчун гузоришгари вижаи Созмони Миллал таъйин шудам, таҳқиқот ва пажуҳишҳоеро дар бораи онки Тоҷикистон чигуна кишвар аст ва бо кадом масъалаҳо ман дар инҷо кор кунам, матраҳ карда будам. Албатта вақте одам ба кишвар сафар мекунад, комилан тасаввури дигаре эҷод мешавад. Вақте шахсан бо мудофеон ва ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон мулоқот кардам, интизориҳое, ки доштам комилан дигар шуд ва ҳоло беҳтар бо шароити Тоҷикистон ошно шудам.

Суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:

Мэри Лолор: Баъди аз Тоҷикистон рафтан ҳам вазъро пайгирӣ мекунам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:26 0:00

"Адвокатро аз террорист фарқ мекунам"

Радиои Озодӣ: Ҳомиёни ҳуқуқ ба шумо чӣ гуфтанд ё беҳтар бигӯям, нигарониҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон кадомҳо будаанд?

Мэри Лолор: Пеш аз ҳама санҷишҳои бешумор, пурсуҷӯҳо, бозпурсиҳо ва ҳамчунин тарс додан ва таҳдид кардан ба мудофеон сурат гирифтааст. Пеш аз ҳама мехоҳам дар бораи мурофиаҳои додгоҳӣ гап занам. Мурофиаҳои додгоҳӣ одилона, мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ шаффоф нестанд ва санҷиши мустақилонаи мурофиаҳои додгоҳӣ ҳам вуҷуд надорад. Ҳамчунин мониторинг ё назорати мустақилона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ вуҷуд надорад. Мудофеони ҳуқуқи башар бо иттиҳомҳои дурӯғин ҳукм шудаанд ё инки ҳамчун ҷинояткор маҳкум шудаанд. Баъзе мудофеони ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомот ва махсусан аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди озору азият қарор гирифтанд. Баъзе мудофеон дар Маскав боздошт ва ба инҷо истирдод шуданд. Раванди додгоҳӣ раванди мустақил нест, махсусан дар мавриди мудофеони ҳуқуқи инсон, онҳое ки бо масъалаҳои бисёр ҳассосу душвор сарукор доранд. Махсусан, вазъияти адвокатҳо бисёр печида аст. Агар адвокатҳо аз шахсоне дифоъ мекунанд, ки бо ҷурме айбдор шудаанд, худи ин адвокатҳо ба ҳамин ҷурм айбдор карда мешаванд. Агар шахси таҳти ҳимояи онҳо террорист ё экстремист бошад, онҳо ҳам ба ҳамин иттиҳомҳо гунаҳкор ва айбдор карда мешаванд. Танҳо ба хотири фаъолиятҳои касбии худашон. Ман дар ин соҳа 45 сол таҷрибаи корӣ дорам ва байни мудофеи ҳуқуқи инсон ва террористу экстремист бахубӣ тавофут ва фарқиятро мешиносам. Ҳамчунин дар мавриди рӯзноманигорон, онҳо ҳам барои фаъолиятҳои касбиашон мавриди таъқиб ё ҳамчун ҷинояткор маҳкум шудаанд.

"КДАМ фишор меорад"

Нишасти хабарии гузоришгари СММ дар Душанбе
Нишасти хабарии гузоришгари СММ дар Душанбе

Радиои Озодӣ: Вақте Шумо ҳамаи ин нигарониҳоро дар суҳбат бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузоштед, посухи онҳо чӣ буд?

Мэри Лолор: Вақте бо мақомот мулоқот кардем, онҳо мегуфтанд, ки мо фалон қонунҳоро қабул кардем, фалон пешравиҳо доштем ва дар ин заминаҳо қонунҳо қабул шудаанд. Онҳо ба таври мушаххас дар бораи шахсони мушаххас посух намедоданд ва ба таври умумӣ мегуфтанд, ки онҳо ҷиноят содир карданд ва барои ҷинояти содиркардаашон аз тарафи додгоҳ маҳкум шудаанд. Албатта, аз як тараф мефаҳмам, ки баъзе ҳамкориҳо аз тарафи мақомот ва баъзе идораҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд дорад. Вале аз тарафи КДАМ мудофеон мавриди озору азият ва таҳдид қарор мегиранд.

Радиои Озодӣ: Як мавзӯе, ки нигарониҳоро ба миён овардааст, боздоштҳои саросарии фаъолон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ин мавзуъ то куҷо дар ҷараёни суҳбати Шумо бо мақомот дар миён гузошта шуд?

Вилояти Бадахшон дар моҳи май шоҳиди эътирозҳо буд
Вилояти Бадахшон дар моҳи май шоҳиди эътирозҳо буд

Мэри Лолор: Мо ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кардем ва ҳамеша аз арзиши ҳуқуқи башар суҳбат кардем. Вале ҳамон тавр, ки мушоҳида мешавад, ҳуқуқи башар дар инҷо қурбонии масъалаҳои амниятӣ шудааст. Мо мехоҳем, ки як тафтиши мустақилона ва бетарафона дар мавриди ҳодисаҳое, ки дар ВМКБ шудааст, анҷом ёбад ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон набояд поймол ва қурбонии масъалаҳои амниятӣ шавад.

Ба Лолор дар бораи озодии баён чӣ гуфтанд?

Радиои Озодӣ: Сафари шумо дар шароите сурат гирифт, ки нигарониҳо аз маҳдуд шудани озодиҳо дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Соли равон 7 рӯзноманигору блогер боздошт ва бештарашон барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Вақте аз мақомот дар бораи вазъи озодии баён пурсидед посухи онҳо чӣ буд?

Мэри Лолор: Вақте дар бораи озодии баён аз онҳо суол кардам, онҳо гуфтанд, ки озодии баён ба шакли пурра дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Онҳо вақте озодии баён мегуфтанд, ҳамеша расонаҳои хусусӣ ё кучакро дар назар доштанд, ки аз сиёсатҳои давлат пуштибонӣ мекунанд. Вале расонаҳои мустақил ба он сурате, ки ҳаст, бисёр маҳдуд ҳастанд ва вуҷуд надоранд.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон дар ҳолатҳои бӯҳронӣ дар гузашта бисёр аъзои ҷомеаи маданӣ бештар ба умеди ҷомеаи байналмилаливу кишварҳои ғарбӣ буданд, ки ҳатто дар ҳолати рӯй додани қонуншикании сахте аз ҷониби мақомот ҳатман ин қарори онҳо бозбинӣ ё бекор мешавад. Вале ҳоло бо нигоҳ, ба гӯё нодида гирифтани танқидҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомот, чунин ба назар мерасад, ки дигар Душанбе намехоҳад, ҳарфу даъватҳои ниҳодҳои мисли шуморо ҷиддӣ гираду ба онҳо амал кунад. Фикр намекунед, ки дар Тоҷикистон ормону ҳаракатҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дигар шикаст хӯрдаанд?

Мэри Лолор
Мэри Лолор

Мэри Лолор: СММ ин танҳо як ниҳод нест, балки маҷмӯи кишварҳоест, ки ба таври дастаҷамъӣ дар мавриди ягон масъала тасмим мегиранд. Бовар дорам, ки Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо талош ва кӯшишҳои худро барои беҳтарсозӣ ва такмили ҳуқуқи инсон дар ҳама кишварҳо идома хоҳанд дод. Фикр мекунам, дар сатҳи бисёр поёнӣ мудофеони ҳуқуқи башар ҳастанд, ки оянда ин ҷомеаро месозанд. СММ ва САҲА бояд ҳатман бо мудофеони ҳуқуқи башар дар сатҳи поёнӣ гуфтугӯ кунанд ва фикру андешаҳои онҳоро дар назар бигиранд ва ҳангоми қабул кардани қарор бояд назарҳои онҳо инъикос ёбад. Агар кор чунин нашавад, он вақт кӯшишҳо ба шикаст рубарӯ хоҳанд шуд.

"Расонаҳои давлатӣ қобили эътимод нестанд."

Радиои Озодӣ: Гузориши пурраи шумо моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод мешавад. Агар ошкортар суҳбат кунем, Созмони Милал чӣ фишанге дорад, ки метавонад ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад то амалкардашро тағйир диҳад?

Мэри Лолор: Пеш аз ҳама ман гузориши худро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пениҳод мекунам. Ман коршиноси мустақил ҳастам. Абзорҳое, ки ман дар ихтиёр дорам, парвандаҳои вобаста ба мудофеони ҳуқуқи башарро дар назди ҳукуматҳо матраҳ ва аз онҳо дархост мекунам, ки онҳоро озод кунанд. Албатта, дар ҳолатҳое, ки комилан возеҳ аст онҳо мудофеони ҳуқуқи башар ҳастанд. Ин мудофеон ба таври осоишта ва сулҳомез кор ва фаъолият кардаанд. Пас аз онки ман Тоҷикистонро тарк мекунам, ҳатман пайгирӣ хоҳам кард, ки дар масъалаҳои гуфташуда чӣ тағйир, чӣ пешравиҳо сурат хоҳад гирифт. Ман такрор ба такрор ин парванда ва ин ҳолатҳоро бо ҳукумати Тоҷикистон матраҳ хоҳам кард. Талоши ман ин аст, ки онҳоро қонеъ созам, ки беҳтар рафтор кунанд. Пайгирӣ хоҳам кард, ки вазъият ба тарафи хубтар тағйир ёфтааст ё бадтар шудааст. Пайгирӣ мекунам, ки дар оянда дар Тоҷикистон боз кадом тамоюлҳо пайдо мешаванд. Дар ниҳоят ин масъулияти ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз мудофеони ҳуқуқи инсон ҳимоят кунад ва онҳоро ҳамчун ҷинояткор нашиносад. Вақте ки онҳо мудофеони ҳуқуқи башарро маҳкум мекунанд, обрӯи Тоҷикистон доғдор мешавад.

Радиои Озодӣ: Тавсияҳои шумо ба ҳукумати Тоҷикистон чист?

Мэри Лолор: Пеш аз ҳама ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия мекунам, ки як қонуни ҷудогона дар мавриди мудофеони ҳуқуқи инсон таҳия шавад. Албатта, барои ин кор иродаи сиёсӣ лозим аст. Мавҷуд будани қонун як тарафи масъала аст, аз тарафи дигар расонаҳои озод ва мустақил бояд мавҷуд бошанд. Расонаҳои давлатӣ ҳеч вақт қобили эътимод нестанд. Мустақилияти низоми додгоҳӣ бояд такмил ва инкишоф ёбад. Чун бисёре аз мурофиаҳои додгоҳие, ки баргузор шуданд ғайриодилона буданд. Ҳамаи мудофеони ҳуқуқи инсон бояд озод карда шаванд.

Радиои Озодӣ: Хонум Мэри Лолор, ташаккур барои суҳбат.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG