Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ки барои беҳтар кардани вазъи онҳо ба аҳдҳои супурдааш вафо кунад.
Мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир ҳашт хабарнигор ва чанд ҳомии ҳуқуқу фаъоли иҷтимоиро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротгаро дастгиру зиндонӣ карданд.
Коршиносони созмон рӯзи 4-уми июл дар эъломияе ба мансабдорони тоҷик гӯшзад кардаанд, ки “ҷиноят шумурдани кори ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон созгор нест.”
“Ба ҳам омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон таҷрибаи бисёр хатарзо аст,” --афзудаанд онҳо.
Дар эъломия аз парвандаи хабарнигорону блогерон Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом; фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева; вакилони мудофеъ Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромуз Иргашов ёд овардаанд. Ин афрод дар охири соли 2022 аз ҳафт то бисту як сол зиндонӣ шуданд.
Намояндагони СММ гуфтаанд, аз суистифодаи қонуни зидди мубориза бо терроризм барои пахши садоҳои танқидӣ дар Тоҷикистон ҷиддан нигарон ҳастанд.
Дар ҳоле ки, ба гуфтаашон, боздошти Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳамиадзода дар моҳҳои июн ва июли соли 2022 ба “бозтоби масоили иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи башар” пайванд дорад.
“Улфатоним Мамадшоева, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Бадахшон ва ҳуқуқдонҳои помирӣ Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромуз Иргашов, блогер Хушом Ғулом ба дифоъ аз ҳуқуқи одамон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул буданд ва моҳи майи соли 2022 дар ҷараёни саркӯби эътирозгарон боздошт шуданд,” – гуфта шудааст дар эъломия.
Намояндагони Созмони Милал мегӯянд, ин афрод ғайриодилона муҳокима шуданд, чун бархе ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанду парвандаи камаш се нафар муҳри махфӣ дошт ва мурофиаи аксарият паси дарҳои баста гузашт.
Онҳо ба нақл аз Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон гуфтаанд, “ин парвандаҳо фатир аз нӯги хамир аст” ва аз ҳукумат хостаанд, ки хабарнигорону ҳомиёни зиндонии ҳуқуқи башарро бо хадамоти муносиби тиббӣ ва дорувор таъмин кунад.
Мақомоти Тоҷикистон боздошту муҳокимаҳои зиёдро тасдиқ, вале саркӯби ҳадафмандонаро рад мекунанд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, моҳи апрели имсол дар нишасти Созмони Милал ва дар мавриди ҳодисаҳои Бадахшон гуфт, "гуруҳҳои ҷиноӣ ва табаҳкор”-ро нишон гирифтанд.
Даҳҳо созмони байнулмилалӣ дар як соли охир Тоҷикистонро дар заминаи ҳуқуқи инсон танқид карданд ва талош доранд, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала дар Тоҷикистон ҷалб кунанд. Дар миёни онҳо Дидбони ҳуқуқи башар, Гуруҳи ҳуқуқи ақаллиятҳо, Авфи Байнулмилал, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, Гузоришгарони вижаи СММ, Дидбони поксозии қавмӣ, Хонаи озодӣ ва ғайра мебошанд.
Гуфтугӯ