Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

GSP+ ва шартҳои Аврупо. Оё Тоҷикистон омода аст дар риояи ҳуқуқи инсон ислоҳоте барпо кунад?


23-юми июл, Люксембург. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласае бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо
23-юми июл, Люксембург. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласае бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо

Душанбе талош мекунад ба тиҷорати имтиёзнок бо Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ пайдо кунад. Дар Бруссел аз Тоҷикисон мехоҳанд ба тааҳҳудоти худ дар амри риояи ҳуқуқи инсон пойбанд бошад.

Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли идомаи раванди шартномаи нав дар мавриди густариши мушорикат ва ҳамкорӣ ва инчунин пайвастани Тоҷикистон ба низоми кулли GSP+ мебошанд. Ин як низоми имтиёзист, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд иҷоза медиҳад молу колои худро аз рӯи тарофаҳои тасҳилии гумрукӣ ба бозори Иттиҳоди Аврупо ворид кунанд.

Душанбе дар соли 2019 барои пайвастан ба ин низом дархост кард, ки, ба бовари коршиносон, даҳҳо миллион доллари содиркунандагони тоҷикро ҳифз мекунад.

Дар иваз мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадории худро дар робита бо 27 эъломия, аз ҷумла оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи меҳнат, муҳити зист ва иқлимро риоя кунад.

Дар Кумисиюни Аврупо дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Иттиҳоди Аврупо ҳаққи истифодаи Тоҷикистон аз ин барномаро мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо мавзӯи ба тасвиб расидани ин эъломияҳоро аз сӯи Тоҷикистон ва вуҷуди норасоиҳои ҷиддӣ дар иҷроӣ кардани онҳо, хусусан дар асоси хулосаҳои ниҳодҳои назоратии СММ-ро ба баррасӣ гирифтааст ва он то ҳол ба анҷом нарасидааст. Ҳалли мушкилиҳои зикршуда дар гузоришҳои ниҳодҳои назоратии СММ ва табодули назар миёни Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Тоҷикистон, масалан, дар рафти Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон барои ҳимояти Тоҷикистон дар амри талош барои пайвастан ба ин низом нақши ҳалкунанда хоҳад дошт», - таъкид доштанд намояндагони Кумисиюни Аврупо.

Аҳамияти GSP+

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, барои пайвастан ба низоми GSP+ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим аст. «Тоҷикистон як иқтисоди на он қадар бузурги дастнохӯрда аст, ки бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, мо бояд барои густариш додани содироти худ ба кишварҳои дигар аз тамоми имконот истифода барем. GSP+ яке аз ин роҳҳо аст, ки барои содир кардани баъзе навъҳои молу колои Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имконият фароҳам мекунад», - мегӯяд Сафаров.

Тибқи иттилои Евростат, гардиши коло миёни кишварҳои ИА ва Тоҷикистон дар соли 2022 аз марзи 405 миллион евро убур кардааст, ки 1,7% аз соли 2023 бештар аст.

Кишварҳои ИА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 260,6 миллион евро молу коло содир кардаанд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба ин кишварҳо баробари 144,7 миллионов евро мол содир кардааст.

Металлҳои ранга ва маҳсулоти сохташуда аз он, нассоҷӣ ва маҳсулоти рустанӣ аз ҷумлаи молҳои содиршуда аз Тоҷикистон мебошанд.

GSP+ абзори арзёбӣ

Як вакили мудофее аз Тоҷикистон, ки нахост номаш нашр шавад, таъкид мекунад, ки GSP+ дар қиёс бо GSP-и феълӣ барои Иттиҳоди Аврупо шароит фароҳам меоварад, ки ҳуқуқи инсонро назорат кунад ва ҳар сол гузориш бидиҳад.

“Ман ҳадс мезанам, ки ҳадафи Иттиҳоди Аврупо дар ин марҳила дар канори Чин ва Русия барои Осиёи Марказӣ шарики дигар бошад ва роҳкори GSP+ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки нақши сиёсӣ ҳам дорад. Масъала ин аст, ки то чи андоза нишондиҳандаҳо ба таври ҷиддӣ гузошта мешаванд ва то чи ҳад намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба усули худ побанд мемонанд», - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки фаъолияти ҳуқуқбашарӣ мекунад.

Дар соли ахир Тоҷикистон ба далели нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон мавриди интиқод қарор мегирад. Мақомоти Тоҷикистон барои иҷро кардани уҳдадориҳои худ дар заминаи риояи ҳуқуқи башар гузоришгари вижаи СММ-ро даъват карданд, ки Кумисиюни Аврупо дар тасмимгириҳои худ ба он такя мекунад.

Дар нишасти даҳуми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки 26-уми июн дар Люксембург баргузор шуд, Брюссел Душанберо ба риояи ҳуқуқи башар ва таъмини озодиҳои бунёдӣ даъват кард.

Имконият барои кишвар ва иқтисод

Бо вуҷуди ин, намояндагони ИА таъкид карданд, ки пешрафти Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо хушунати хонаводагӣ дар ҷараёни пайвастани Тоҷикистон ба низоми GSP+ нақши муҳим дорад. Шореҳи иқтисодӣ Абдуманон Шералиев мегӯяд, бо вуҷуди нақзи ҳуқуқи инсон мумкин аст ИА Тоҷикистонро ба низоми GSP + бипазирад чун ҷавобгӯи манофеи геополитикии онҳост.

« Албатта, аз шомил шудани Тоҷикистон ба ин система пеш аз ҳама онҳое манфиат хоҳанд бардошт, ки иқтисоди кишварро монополия кардаанд. Баъди шомил шудан ҳам он гурӯҳи маҳсулоти монополиянашуда, ки тибқи ин система ба Ғарб содирот хоҳад шуд, бо гумони ғолиб аз тарафи ин афрод монополӣ мешавад.

Аммо дар умум ин ба нафъи кишвар ва иқтисод хоҳад буд, ҳатто агар бахши бузурги пулҳои аз содирот бадастомада ба оффшорҳо фиристода шаванд. Чун ҷои кори бештаре пайдо мешавад, заминаҳои додугирифти минбаъда бо Ғарб фароҳам мегардад, вобастагии Тоҷикистон аз Русияву Чин камтар мегардад ва ғайра”, - бовар дорад Шералиев.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG