Крилова рӯзи 4-уми июни имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт шуда буд.
Вай аз тарси фишору таъқиб дар Русия ба Қирғизистон рафт ва дархости паноҳандагӣ кард. Русия ӯро ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ дод ва ба ин сабаб Қирғизистон Криловаро ба Русия супурд.
Мақомоти Русия соли 2021 ҳаракати "Муқобилаи чап"-ро тундгаро эълом карданд. Баъд аз он аъзои ҳаракати мазкур аз Русия рафтанд.