Вакилони ҷумҳурихоҳ, ки дар Маҷлиси Намояндагон аксариятро ташкил медиҳанд, талош доранд, барои “импичмент” ё ба истилоҳ "барканор кардани Байден" замина ёбанд.
Тафтиш хоҳад шуд, ки оё дар ҷараёни ҳамкориҳои хориҷии писари президент Ҳантер Байден падараш Ҷо Байден ҳам ғайриқонунӣ фоида гирифтааст ё не.
Ҳантер Байден рӯзи 13-уми декабр дар ҷаласаи пӯшидаи Маҷлиси Намояндагон бояд ба суолҳои вакилон посух медод, вале ӯ ба ин нишаст нарафт.
Қасри Сафед иброз доштааст, ки тафтиш бе мадрак сурат гирифта, ҷилои сиёсӣ дорад.