Дар ин бора мақомоти Украина рӯзи 5-уми декабр дар Телеграм хабар доданд.
Ба навиштаи онҳо, "Русия ба қаламрави Украина 17 ҳавопаймои бесарнишини "Шаҳид" ва шаш мушак сар дод."
"Даҳ ҳавопаймои бесарнишин дар минтақаҳои гуногуни Украина маҳв карда шуданд," - омадааст дар идома.
Дар баёния нагуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамла талафоте ё хисороти молӣ вуҷуд дорад ё не.