Ин шаҳрванди Қазоқистон дар ҳайати Ширкати хусусии низомии "Вагнер" аз ҷониби Русия зидди Украина ҷангидааст.
Додгоҳ ӯро ба "зархаридӣ" гунаҳкор ва ба иловаи зиндон ба пардохти 205 ҳазору 590 рубли русӣ вазифадор кардааст. Додгоҳ гуфт, ин миқдор маблағро ӯ бо роҳҳои ҷиноӣ гирифтааст.
Шомполов аз додгоҳ хоста буд, ки нисбат ба ӯ ҳукми ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ содир кунад. Вай ба гуноҳаш иқрор ва изҳори пушаймонӣ кардааст.
Шомполов аз 27 апрел то 13 май дар наздикии Бахмут ҷангида ва баъди захм бардоштан рухсат ёфтааст.