Се нафар дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтааст.
Ҳодиса 15 октябр дар маҳаллаи "Тараққиёт"-и шаҳр рух додааст. Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 25 октябр хабар дод, ки ду тан ҳалокшудаҳо кудакони 3 ва 4-сола ҳастанд.
Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст.
Дар Узбекистон ҳамасола дар мавсими тирамоҳ-зимистон даҳҳо кас аз дуди ангишт ҷон медиҳад. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2022 дар давоми 10 рӯз дар вилоятҳои гуногуни он кишвар на камтар аз 30 ҷон бохта буд.