Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 пайрави дини баҳоиро дар Эрон боздошт кардаанд


Манобеи Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ дар бораи боздошти даҳ пайрави дини баҳоӣ дар Эрон хабар доданд.

Манобеи Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ дар бораи боздошти даҳ пайрави дини баҳоӣ дар Эрон хабар доданд.

Онҳо бо худдорӣ аз зикри номашон рӯзи 25-уми октябр гуфтаанд, ки маъмурони амниятӣ Ягона Огоҳӣ, Нигини Ходимӣ, Орзу Субҳониён, Ягона Рӯҳбахш ва дигаронро бо худ бурданд.

Далели боздошти фаъолони баҳоиён дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳанӯз рӯшан нашудааст. Дар куҷо будани онҳо низ дақиқ нест.

Теъдоди баҳоиён дар ҷаҳон ба панҷ миллион нафар мерасад.

Шумораи онҳоро дар Эрон ҳудуди сесад ҳазор нафар тахмин мезананд.

XS
SM
MD
LG