Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия Алсу Курмашеваро то 5 декабр ба СИЗО фиристод


Алсу Курмашева
Алсу Курмашева

Додгоҳе дар Қазон рӯзи 23-юми октябр хабарнигори бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ Алсу Курмашеваро ба Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО фиристод.

Муҳлати ҳабси ӯро як моҳу ҳабдаҳ рӯз, яъне то 5-уми декабри имсол дароз карданд. Мурофиа бе ҳузури намояндагони матбуот гузашт.

Ҷеффри Гедмин, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "аз натиҷаи мурофиа сахт маъюс шудем. Даъват мекунем, ки Алсу Курмашеваро фавран озод кунанд, то ба назди пайвандонаш баргардад."

Алсу Курмашева шаҳрванди Амрико ва Русия буда, дар шаҳри Прага мезист. Ӯ рӯзи 20-уми майи имсол ба далели масоили хонаводагӣ маҷбур шуд ба Русия равад.

Рӯзи 2-юми июн ҳангоми бозгашт ба Чехия дар Фурудгоҳи Қазон дастгир ва ҳар ду шиносномаашро мусодира карданд.

Курмашева барои иҷро накардани талабот дар бораи қайди шаҳрвандии Амрико дар ниҳодҳои дахлдори Русия ҷарима шуд ва мунтазир буд, ки мақомот шиносномаҳояшро баргардонанд, вале ӯро дубора 18-уми октябр дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG