Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси Алсу Курмашеваро дароз кард


Алсу Курмашева
Алсу Курмашева

Додгоҳе дар Русия рӯзи 20-уми октябр муҳлати ҳабси хабарнигори Радиои Озодӣ Алсу Курмашеваро то 23-юми октябр дароз кард.

Курмашева дар аввали ин ҳафта ба иттиҳоми сабти ном нашудан ҳамчун “агенти хориҷӣ” дастгир шуд. Ин иттиҳом то панҷ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Курмашева, корманди бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ, шаҳрванди Амрико ва Русия буда, дар шаҳри Прага зиндагӣ мекард.

20-уми майи имсол ба далели масоили хонаводагӣ маҷбур шуд ба Русия равад. Ӯро 2-юми июн ҳангоми баргашт ба Чехия дар Фурудгоҳи Қазон дастгир ва ҳар ду шиносномаашро мусодира карданд.

Курмашева барои иҷро накардани талабот дар бораи қайди шаҳрвандии Амрико дар ниҳодҳои дахлдори Русия ҷарима шуд ва мунтазир буд, ки мақомот шиносномаҳояшро баргардонанд, вале ӯро дубора 18-уми октябр дастгир карданд.

"Мо аз тасмим дар бораи тамдиди муҳлати ҳабси Алсу Қурмашева нигарон ҳастем," – гуфт иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеффри Гедмин.

“Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест. Вай бояд фавран раҳо карда шавад ва ба назди оилааш баргардад,” – афзуд ҷаноби Гедмин рӯзи 20-уми октябр.

XS
SM
MD
LG