Ба навиштаи Spiegel, артиши Исроил ҳамчунон барои амалиёти заминӣ дар Навори Ғазза омодагӣ мегирад.
15-уми октябр нашрияи The New York Times навишта буд, амалиёти заминии артиши Исроил қарор буд рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта оғоз шавад, аммо онро ба таъхир гузоштанд. Яке аз сабабҳо бад будани вазъи боду ҳаво аз ҷумла ҳавои абрнок гуфта мешавад, ки метавонад ба кори ҳавопаймоҳои зарбазан халал расонад.
Борикаи Ғазза дар миёни Исроил ва Миср ҷойгир шуда, зери назорати гуруҳи "Ҳамос" аст. Ҷангиёни ин гуруҳ 7-уми октябр ба Исроил ҳамла карданд ва дар посух артиши Исроил Навори Ғаззаро мушакборон кард. Дар ин ҷанг то ин кунун аз ҳарду тараф беш аз чор ҳазор кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.