Олмон тасмим дорад, бо шаш кишвар, аз ҷумла Узбекистону Қирғизистон барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ созишнома бандад.
Ин созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишварҳояшон интиқол дода шаванд.
Ба навиштаи расонаҳо, Олмон айни замон бо Узбекистон, Гурҷистон, Молдова, Кения, Колумбия ва Қирғизистон бастани созишномаро баррасӣ дорад.
Олмон тасмим дорад, ба ин тартиб теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро кам ва барои қабули муҳоҷирони қонунӣ шароит фароҳам кунад.