Ба гуфтаи волидон, мудири мактаб натавонистааст, шароити мусоидро барои хонандагон фароҳам орад.
Лаҳзаи афтодани Темирлани 7-соларо яке аз дурбинҳои назоратии мактаб сабт кардааст. Маълум нест, ки кӯдак чи гуна ва аз кадом ошёна афтидааст. Назари волидон ва омӯзгорон ҳам гуногунанд.
"Бинои мактаб соли 1974 бунёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир санҷиши хидматӣ идома дорад ва волидони кӯдак ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Натиҷаи санҷишро мунтазир ҳастем", - изҳор дошт мудири мактаб Дидар Байтасов.
Ба гуфтаи табибон, косахонаи сари Темирлан аз чанд ҷой шикастааст.