Ба иттилои марзбонҳо, дар се рӯзи охир 472 нафар кӯшиш кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба Латвия дароянд.
Бо ин, шумораи кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади Латвия дар имсол ба зиёда аз 7800 маврид расидааст.
Соли гузашта ин рақам ба камтар аз 5300 баробар буд.
Латвия ва Литваву Лаҳистон (Полша) пайваста раҳбари Беларус Александр Лукашенкоро барои ба марз фиристодани муҳоҷирон гунаҳкор мекунанд.
Онҳо бовар доранд, ки Минск ба ин восита мехоҳад ба кишварҳои аврупоӣ фишор биоварад.
Гуфтугӯ