Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситора Қодирова. Кори як пизишки тоҷик дар Туркия. ВИДЕО


Ситора Қодирова
Ситора Қодирова

Дар ҳоле ки бемористонҳои Тоҷикистон бо камбуди мутахассисон рӯбарӯст, баъзе аз пизишкони тоҷик ба хориҷа рафтаанд ва аз кору зиндагии худ розиянд. Яке аз онҳо Ситора Қодирова аст, пизишки занон.

Дар инҷо пизишкони хориҷӣ кам ҳастанд

Рӯзи кории ӯ дар Туркия бо машварат ва муоинаи беморон аз кишварҳои гуногун сар мешавад. Муштариёнаш бештар занон ҳастанд ва ё оилаҳое, ки аз бефарзандӣ ранҷ мекашанд.

Вай якуним сол пеш аз Тоҷикистон ба Туркия кӯчид ва дар як бемористон дар Анталия ба кор пардохт. Ситора Қодирова моҳи августи имсол дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Хостам, берун аз Тоҷикистон кор кунам. Ба Туркия омадам. Дар чанд беморхона гуфтанд, агар биёед, мепазирем, дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунем. Дар Туркия духтурони хориҷӣ бисёр кам ҳастанд."

Замоне ба худ боварии зиёд ҳосил кард, ки се хонаводаи муштоқи фарзанд бо машваратҳои ӯ соҳиби тифл шуданд. “Як нафар 11 сол фарзанд надоштааст, соҳиби фарзанд шуд. Аз Қазон буд. Як оилаи беларусӣ ва як оилаи дигар аз Украина низ соҳиби кӯдак шуданд,” -- нақл кард Ситора Қодирова.

Пизишки тоҷик дар ҳоле корро дар Туркия интихоб кард, ки Тоҷикистон ба камбуди мутахассисон дучор аст. Ҳоло дар муассисаҳои тандурустии кишвар 2 ҳазору 298 пизишк ва беш аз 570 ҳамшираи шафқат намерасад.

Ҷамолиддин Абдуллозода
Ҷамолиддин Абдуллозода

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, моҳи августи имсол дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки "дар 6 моҳи охир 70 пизишк ва 343 ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтанд”.

Ситора Қодирова то замони кӯчидан ба Туркия дар Бемористони "Ибни Сино" кор мекард. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки соҳиби ҷойи кори муносиб аст ва дар Туркия зиндагӣ мекунад, пурра аз Тоҷикистон нарафтааст. Соле чанд бор ба кишвар омада, беморонро қабул мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро Ситора аз Тоҷикистон ба Туркия рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

"Баъзан нофаҳмӣ мешавад"

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, кӯшиши ӯ бештар барои эътирофи касбу донишаш дар сатҳӣ ҷаҳонӣ аст ва мехоҳад кори илмии худро дар Туркия идома бидиҳад. Ӯ фарқи корашро аз пизишкони турк чунин баршумурд:

“Духтурони инҷо барои бемор вақти камтар сарф мекунанд. Барои мисол, ҳамагӣ 5 дақиқа. Аксар вақт бо тарҷумон кор мекунанд. На ҳама шикоятҳои бемор гӯш карда мешавад. Баъзан нофаҳмӣ мешавад. Русҳову беларусиҳо ва украиниҳо ба духтурон аз кишварҳои Шӯравии собиқ бештар бовар доранд."

Бо ин ҳама, ба қавли Ситора Қодирова, кор дар хориҷа, аз ҷумла дар Туркия осон нест. Ин пизишки тоҷик мегӯяд, ҳанӯз забон меомӯзад ва барои тасдиқи дипломаш дар Туркия чанд давраро паси сар гузоштааст.

Ба мисли Ситора Қодирова дар солҳои охир садҳо табибу ҳамшираи шафқат ва муаллимон аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар кӯчидаанд.

Яке дар ҷустуҷӯйи кори беҳтару дигаре дар талоши обрӯву эътибори ҷаҳонӣ. Дар охири моҳи майи имсол дар як нишаст дар Душанбе гуфта шуд, ки бархе аз фишорҳои пайвастаи маъмурони интизомӣ ва қудратӣ ҷилои ватан кардаанд.

Дар ҳамин нишаст мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография Анвар Бобоев ҳам гуфт, “фирори мағзҳо” ё аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон ба иқтисоди кишвар “қариб 80 миллиард доллар” зарар овард. Чизе, ки мақомот ҳам иқрор мекунанд, вале барои ҳалли он кӯшиши ҷиддӣ намекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG