“Фирори мағзҳо” ё аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон ба иқтисоди кишвар “қариб 80 миллиард доллар” зарар овардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Русия чунин мутахассисонро ба кишвари худ даъват мекунад ва шароити беҳтар медиҳад. Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи ин раванд чораҳои ҷиддие дида намешавад.
Рафтани як мутахассис – $300 000 доллар
Омори умумии зиён аз рафтани мутахассисон дар нишасти “Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ” ҳафтаи гузашта садо дод.
Анвар Бобоев, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, гуфт, “ҳисобҳо дар асоси методикаи СММ нишон медиҳанд, ки дар ҳолати тарки ватан кардани як мутахассис ба давлат ба миқдори 300 ҳазор доллар зарар расонида мешавад. Пас, маълум мегардад, ки аз 266 ҳазор кадри аз Тоҷикистон баромада, зарари расида ба кишварамон 79 миллиарду 800 миллион долларро ташкил мекунад.”
Дар нишаст гуфта шуд, ки бахши калони “фирори мағзҳо” ба соҳаи тиб дахл дорад ва ҳоло даҳҳо ҳазор пизишку парастори тоҷик дар Русия соҳиби имтиёз ҳастанд. Гуфта шуд, онҳо на танҳо барои маош, балки аз фишорҳои дигар ҷилои ватан кардаанд.
Хайём Маҳмудзода, намояндаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, гуфт: “Назарсанҷии табибоне, ки ба муҳоҷират рафтаанд, нишон дод, ки яке аз сабабҳои муҳоҷирати онҳо таъсири пайваста ба корашон аз ҷониби сохторҳои назорати ва қудратӣ аст. Имрӯз қисми осебпазири ҷомеа табиб ва омӯзгор гардидааст.”
Видеоро дар инҷо бинед:
“Тафтиш ҳангоми кор нодуруст аст”
Тарки Тоҷикистон кардани табибони тоҷик идома дорад, зеро онҳо мегӯянд, мушкилоташон сол то сол зиёдтар мешавад.
Ба қавли табиби тоҷики муқими Русия, Хуршед Зарифов, “фикр мекунам, сабаби аз Тоҷикистон омада, дар шаҳру навоҳии Русия ва кишварҳои дигар кор кардани онҳо маоши кам аст. Дуюм, тафтишҳои зиёду беасос. Аз тарафи кормандони оташнишонӣ, санэпидемстансия, хадамоти давлатиии фармасевтӣ, дигару дигар. Дар вақти корӣ ин тафтишҳо сурат мегиранд, ки нодуруст аст.”
Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бештар аз 100 устод намерасад. Шахсоне, ки бояд насли нави кормандони тибро тарбия кунанд.
Рафтани пизишкон аз кишвар дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон дар аксар минтақаҳо норасоии пизишкон эҳсос мешавад. Соли 2020 мақомот аз камбуди беш аз 6 ҳазор духтуру парастор дар кишвар хабар дода буданд. Ҳарчанд президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, ки дар сӣ соли охир 187 000 табиб ва корманди миёнаи тиббӣ омода карда шуд.
Ширкатдорони нишаст дар Душанбе ҳолати пешомадаро на буҳрон, балки фоҷиа номиданд.
Онҳо бар инанд, ки барои рафъи мушкилоти соҳаи маориф ва тандурустӣ бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ ва шарикони рушд бояд фавран ислоҳоти васеъ сурат гирад. Ҳамчунин пешниҳод мекунанд, ки маоши кормандони тиб ва маориф ба таври ҷиддӣ баланд гашта, ба мутахассисон имтиёзҳо таъин шавад. Чизе, ки дар гузашта ҳам садо дода, вале фарёдрасе пайдо накардааст.
Гуфтугӯ