Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустӣ муҳоҷирати табибонро "мушкил" номид, аммо гуфт, "танҳо хоси Тоҷикистон нест" ВИДЕО


Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода
Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода

Вазири тандурустии Тоҷикистон эътироф кард, ки ба муҳоҷират рафтани пизишкон "проблемаи актуалӣ" аст, вале ба қавли ӯ, "ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест". Дар солҳои охир ҳазорҳо табиб аз Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия ва кишварҳои дигар кӯчидаанд. Онҳо аз шароити беҳтар дар хориҷа мегӯянд, аммо мардум аз эҳтимоли дар оянда бад шудани хадамоти тиббӣ дар кишвар дар ташвишанд.

“Имтиёз медиҳанд"

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзи 10-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе сабаби асосии кӯч бастани пизишконро "имтиёзҳое" донист, ки "кишварҳои дигар пешниҳод мекунанд".

Абдуллозода аз давлати хосе ном набурд ва танҳо гуфт, "баъзе аз кишварҳо талош доранд, барои ҷалби пизишкон барномаҳои боимтиёз пешниҳод кунанд". Як сабаби дигари аз Тоҷикистон рафтани пизишкон, ба гуфтаи вазир, "баланд бардоштани сатҳи тахассус аст".

Солҳои охир чандин пизишки тоҷик барои кору зиндагӣ асосан ба Русия рафтанд ва ин кор дар ҷомеаи кишвар нигарониҳои зиёдро ба миён овард. Муҳоҷирати як гуруҳ аз пизишкон ба Русия, ба воситаи барномаи "Переселение" сурат мегирад.

Пахши зинда аз нишасти матбуотии вазир:

“Маош намерасиду…"

Баъзе аз табибони тоҷик мегӯянд, дар Русия барои онҳо маоши бамаротиб баландтар аз Тоҷикистон пешниҳод мешавад ва ҳам шаҳрвандии Русияро осон ба даст меоранд.

Абулқосим Ҷумъаев аз ҷумлаи табибони тоҷик аст, ки ба воситаи барномаи “Переселение” ба Русия кӯчидааст. Ҷумъаев мегӯяд, соли 2016 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури чашм тамом карда, як муддат дар яке аз марказҳои саломатии Душанбе кор кардааст. Вале ба гуфтаи ӯ, кам будани маош ва аз тарафи дигар санҷишҳои зиёд водор кард, ки ба Русия биравад.

“1300-1500 сомонӣ маоше, ки медонанд, барои зиндагӣ намерасид. Боз агар аз ягон бемор пул гирӣ, омада ҷарима мебастанд. Дар ин ҳолат, маҷбур мешавӣ корро партофта равӣ. Дар Русия шаҳрвандӣ гирифтам, маошам ҳам хуб аст,” -- гуфт ин пизишк.

Вале дар ҷомеаи Тоҷикистон ин нигарониҳо зиёд аст, ки вақте мутахассисон мераванд, табобати беморон ба дасти пизишкони камтаҷриба меуфтад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазири тандурустӣ, "140 пизишк соли гузашта аз хориҷа баргашта, дар беморхонаҳо корашонро давом доданд."

"674 табиб намерасад"

Вазири тандурустӣ мегӯяд, аз ҳисоби донишҷӯёне, ки риштаҳои пизишкии донишгоҳҳои тиббии кишварро хатм мекунанд, мушкили камбуди пизишконро ҳал хоҳанд кард. Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 10-уми феврал ба пурсиши батакрори хабарнигорон нагуфт, ки соли гузашта чӣ қадар аз пизишкон аз кишвар рафтанд, аммо ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, шумораи онҳо атрофи 20 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

Бино ба хабари вазири тандурустӣ, дар Тоҷикистон феълан 674 пизишк намерасад, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи марказ (127 нафар), вилояти Хатлон (120 нафар) ва вилояти Суғд (183 нафар).

"Ҳамаи ин пизишкон ба муҳоҷират нарафта, балки соли гузашта 109 нафар ба нафақа баромаданд ва 54 нафар фавтиданд. Камбуди пизишкон асосан дар ноҳияҳои дурдаст ба чашм мерасад," -- афзуд ӯ.

"Пулҳои ғайриқонунӣ бояд қонунӣ шаванд"

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, масъалаи “фирори мағзҳо” аз бахши тандурустии кишварро танҳо бо як ислоҳоти куллӣ метавон ҳал кард.

Дар ҳоле ки иддае сабаби аз кишвар рафтани пизишконро ба маоши кам пайванд медиҳанд, Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино, мегӯяд, мардум ба табибон маблағи хуб медиҳанд, вале ин пулҳо қонунӣ нестанд.

Абдухалил Холиқзода
Абдухалил Холиқзода

“Мегӯянд, пизишк 5-10 ҳазор сомонӣ гирад, хуб аст. Даромади пизишкон дар Тоҷикистон аз 5-10 ҳазор зиёд аст, лекин ин даромад қонунӣ нест. Ин соҳа ба як ислоҳот ниёз дорад, то пулҳое, ки мардум ба соҳаи тандурустӣ ба таври ғайрирасмӣ медиҳанд, расмӣ гардонда шаванд,” -- афзуд мудири Бемористони Ибни Сино.

Абдухалил Холиқзода гардиши ғайрирасмии бахши тандурустии Тоҷикистонро беш аз 3 миллиард сомонӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, ин маблағе аст, ки беморон барои табобат ба дасти духтурон медиҳанд ва ё барои хариди доруву дармон сарф мекунанд.

Роҳи ҳалли масъала, ба гуфтаи Холиқзода, қонунӣ кардани ин пулҳо ба воситаи ҷорӣ кардани низоми бима ё суғуртаи тиббӣ аст. «Яъне, аз ҳисоби ҳар нафар як маблағи муайян, масалан, 500 сомонӣ ба сандуқҳои суғуртавӣ равона шавад ва аз ҳамин ҳисоб табобати беморон ба роҳ монда шавад,» -- хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG