Хонаҳоеро, ки дар садамаи маргбори 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб осеб дидаанд, аз нав месозанд. Дар ҳоле, ки чор манзили сокинон дар пайи бархӯрди мошини як ширкати воридкунанда осеб дид, мақомот барои ҷуброни зарар аз масҷидҳо маблағ ҷамъ мекунанд. Мухолифони ҳукумат аз ҷумла Шарофиддин Гадоев мегӯяд, мошини боркаше, ки садама кард, марбут ба ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди президент аст. Бо гузашти қариб як моҳ аз ҳодиса, худи Соҳибов дар ин бора чизе нагуфтааст.
Шаҳрдори Кӯлоб эълон кард, ки хонаҳои нав бояд қабл аз расидани фасли сармо бунёд шаванд. Сохтмони манзилҳо дар маҳаллаи Дӯстии ин шаҳр идома дорад, аммо сармоягузорӣ бо мушкилоте мувоҷеҳ шуда аст. Барои ҳамин ҳукумати маҳаллӣ барои кумак дар “Амонатбонк” суратҳисоб боз кардааст.
Мунавваршоҳ Ташрифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи воридшуда ба ҳисоби ширкате меравад, ки хонаҳоро бояд созад. Ташрифзода аз ин ширкат ном набурд.
Барои сохтани як хона аз 300 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ зарур аст ва ҳоло мақомот барои ёфтани пул рӯйи ниёз ба масҷидҳо овардаанд. Дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта бархе аз имомхатибон аз сокинон хостанд, барои сохтани хонаҳо кӯмаки молӣ кунанд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Чанд тан аз сокинон низ ба Радиои Озодӣ нома навишта, изҳор доштанд, ки аз онҳо хоста шудааст аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ ба масҷиди марбутаи худ кӯмак кунанд. Ҳукумати Кӯлоб ҳам тасдиқ кардааст, ки масоҷид то кунун ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ намуданд.
Мунавваршоҳ Ташрифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, “масҷидҳо дар ҳузури раиси вилоят бунёди яке аз манзилҳои истиқоматира ба уҳда гирифтанд.”
Ҳангоми сафари Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба маҳалли сохти хонаҳо, имомҳо ҳам ӯро ҳамроҳӣ карданд.
Дар Кӯлоб 75 масҷид аз ҷумла 11 масҷиди ҷомеъ амал мекунад. Бар асоси ҳисобҳо, агар ин масҷидҳо аз се ҳазор то 5 ҳазор сомонӣ кӯмак ҷамъоварӣ кунанд, тамоми маблағи ҷамоваришуда метавонад то 249 ҳазор сомонӣ бирасад.
Ширкати боркашонӣ чӣ масъулият дорад?
Мақомот мегӯянд, мошине, ки 6-уми август ба чанд нақлиёти дигар ва манзили сокинонро хароб кард, ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот» тааллуқ дорад. Мақомот номи молики ин ширкатро намегӯянд. Шарофиддин Гадоев, мухолифи ҳукумат, ки дар гузашта дар Тоҷикистон ширкати боркашонӣ дошт, иддао дорад, ки мошин мутаалиқ ба яке аз ширкатҳои Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст. Соҳибов ошкоро инро тасдиқ ё рад накардааст.
Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳоло сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир аст. Соҳибов молики ширкати "Фароз" аст, ки дар соҳаҳои зиёде фаъолият дошт. Пас аз интиқодҳои зиёд "Фароз" эълон карда буд, ки фаъолияташро қатъ кардааст, вале таҳқиқ нишон дод, ки ин ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳои сердаромадро дар Тоҷикистон дар даст дорад.
Дар пайи садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки зарари сокинонро бояд ҳамон ширкате ҷуброн кунад, ки мошинаш садама кардааст.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, соҳибони нақлиёт бояд мошини худро бима (суғурта)-и давлатӣ кунанд ва дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш, ширкати суғурта бояд зарарро ҷуброн кунад. Дар ҳолати набуди суғурта, соҳиби мошин зарари расондаро ҷуброн мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон намегӯянд, ки дар садамаи Кӯлоб чаро зарарро на ширкати суғуртавӣ ва на молики мошини боркаш пардохт накарданд ва кор ба хайру ниёзи масҷидҳо монд.
Гуфтугӯ