Пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини пешин ва зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтанд, ки "ӯ фавран ба табобат ниёз дорад", аммо қариб як моҳ боз касе ба додашон намерасад.
"Аз дарди сахти сутунмуҳра, фишори хун ва мушкили пешобдон ранҷ мекашад," – гуфт Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ.
"Як моҳ пеш ба диданаш рафтем. Базӯр роҳ мегашт. Аз дарди сутунмуҳра ба пой рост истода наметавонист. Хост, ки ариза нависем, то ӯро дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ кунанд. Ба Сарраёсати маҳбасҳо ба таври хатӣ муроҷиат кардем, аммо ҳанӯз посух нест," – афзуд ӯ.
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам бенатиҷа буд.
Ҳабибулло Ризоев мегӯяд, аъзои хонавода ҳар чанд вақт ба Маҳмурод Одинаев дору дастрас мекунанд, "вале бе назорати пизишкон намешавад. Вазъаш аз соли 2021 ҳамин аст. Фақат як дафъа бистарӣ карданду бас."
Ду сол пеш ҳамсараш низ вазъи Маҳмурод Одинаевро "риққатбор" номида буд. Ҳоло онҳо дархост доранд, ки мақомот ҳарчи зудтар ӯро дар бемористони зиндон бистарӣ карда, ба мушкилаш расидагӣ кунанд.
Маҳмурод Одинаев дар моҳи январи соли 2021 бо иттиҳоми "авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳукумат" 14 сол зиндонӣ карда шуд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро намепазиранд.
Номи Одинаев дар соли 2012, пас аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе дар зиндони шаҳри Душанбе, ба расонаҳо роҳ ёфт. Вай он вақт гуфта буд, ки писараш Суннатулло Ризоевро ҳамчун шоҳиди ҳодиса аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол доданд ва ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Як муддат ба ҳимоят аз ҳуқуқи писараш ва зиндонёни дигар машғул буд ва сипас ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пайваст ва то мақоми муовини раиси ҳизб расид. Дар интихоботи порлумонии соли 2020 аз рӯйхати ҳизбӣ номзад ба мансаби вакили Маҷлиси Намояндагон буд.
Одинаев рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ дар маркази пойтахт нопадид шуд. Вайро баъди ду ҳафта дастгир карданд.
Мухолифон боздошт ва ҳукми Маҳмурод Одинаевро тарҳрезишуда номида, бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Ӯ дар тирамоҳи соли 2020 ва баъд аз ҷалби маҷбурии писараш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар назди комиссариати шаҳри Ҳисор низ эътироз карда буд.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо, қароргоҳаш дар Варшава, ӯро яке аз 200 зиндонии сиёсии тоҷик ном бурдааст, ҳарчанд мақомот вуҷуди маҳбусони сиёсиро инкор мекунанд.
Созмонҳои байнулмилалӣ солҳои охир Тоҷикистонро барои поймоли ҳуқуқи одамон, сатҳи поини демократия ва саркӯби дигарандешон танқид мекунанд. Аз ҷумла, созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико, соли 2024 Тоҷикистонро яке аз ҳашт кишвари дорои "низоми мутамаркази худкома" номид ва ҳамагӣ як зина болотар аз Туркманистон ҷой дод.