Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфта буд "милисаҳо мисли тӯби футбол заданд", ҳоло ҷазо гирифт


Наврӯз Нурзода
Наврӯз Нурзода

Додгоҳи вилояти Суғд сокини 22-солаи ноҳияи Зафаробод Наврӯз Нурзодаро, ки қаблан гуфта буд маъмурони милиса "мисли тӯби футбол заданд", бо гуноҳи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Қарор рӯзи дувуми апрел содир шуд, аммо ӯ ва наздиконаш розӣ нестанд.

"Ба толори суд (додгоҳ) надаромада, гуфтанд, ки аллакай ҳамааш ҳал шудааст. Ҷарима бастанду гуфтанд, ба хидмати ҳарбӣ намебаранд. Ман талаб мекунам, ки маро сафед кунанд ва ба хидмат баранд, чун имкони супоридани ҷаримаро надорам," – гуфт Наврӯз Нурзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Пештар Додгоҳи ноҳияи Зафаробод низ қарори ҳамсон бароварда буд. Мақомот гуфтанд, азбаски Наврӯз Нурзода ду моҳро дар Боздоштгоҳ гузаронд, бахше аз ҷаримаро кам карданд.

Ин сокини ноҳияи Зафаробод рӯзи 8-уми декабри соли 2024 ҳангоми бозгашт аз Русия дар гузаргоҳи "Фотеҳобод-Ойбек" (марзи Тоҷикистону Узбекистон) дастгир ва ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод бурда шудааст. Ҷое, ки ба иддаои худаш ва волидонаш "латукӯб шуд".

Мақомот гуфтаанд, ӯ даъватро барои ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ нодида гирифт ва аз хидмат дар артиш сарпечӣ кард, биноан дастгир шуд. Худашу наздиконаш мегӯянд, ӯ қасди фирор аз хидматро надошт, балки аз ночорӣ барои кор ба Русия рафту бо ҳадафи сарбозӣ ба кишвар бозгашт.

"Барои шиканҷа шудан ҳам шикоят кардам, аммо ҳеч натиҷа надод. Дар милисахонаи Зафаробод маро шиканҷа карда буданд. Вазъи саломатиям ҳам он қадар хуб нест. Миёнам дард мекунад, давида наметавонам. Ҳеч кас чораи онҳоро надид. Мехоҳам касоне, ки маро шиканҷаву дашном доданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд," -- гуфт Наврӯз Нурзода.

Ҳоло вай ва вакили мудофеаш азм доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат кунанд, то Нурзодаро пурра бегуноҳ эътироф карда, маъмурони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Зафарободро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Вакили мудофеъ Дилафрӯз Самадова гуфт: "Бо ҳукми Суди ноҳияи Зафаробод вай бояд ҷарима супорад. Онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Аз ин лиҳоз Наврӯз Нурзода барои шикоят кардан ба суди марҳилаи назоратӣ мавқеи худро баён кардааст."

Шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон солҳои гузашта низ сабт шудааст. Дар баъзе маврид кормандони ниҳодҳои қудратӣ барои шиканҷа ҷазо мегиранд, аммо дар ҳолатҳои дигар касе муҷозот намешавад. Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Як ҷавони тоҷикро барои саркашӣ аз хидмат ҷазо додаанд
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p
XS
SM
MD
LG