Волидони як ҷавон дар ноҳияи Зафаробод (вилояти Суғд) аз шиканҷаи фарзандашон дар идораи милиса шикоят доранд. Наврӯз Нурзода бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дастгир шудааст. Падару модараш даъво доранд, ки маъмурони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Зафаробод "ӯро як шаб азоб доданд". Мақомот гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ доранд.
"Якеаш аз ин тараф мезад, якеаш аз он тараф"
Нур Каримов, падари Наврӯз Нурзода, рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш 8-уми декабр ва баъди бозгашт аз Русия дар гузаргоҳи "Фотеҳобод-Ойбек" боздошт шуд. Ба гуфтаи Каримов, фарзандашро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод фиристоданд ва "онҷо як шаб латукӯбаш карданд".
Шарҳи расмии мақомот феълан дастрас нест.
"Кормандони милисаи ноҳияи Зафаробод чаро ба мо хабар надода омадӣ гуфта, бачаро то саҳар задаанд. Об пурсидааст, надодаанд," – гуфт Нур Каримов.
Маърифат Қурбонова, модари Наврӯз Нурзода, ба нақл аз писараш гуфт, "гиристу гуфт, оча, маро бисёр заданд, ранги тӯби футбол, аз ин тараф ба он тараф. Яктеаш аз ин тараф мезад, яктеаш боз аз он тараф."
Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомот ба Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард. Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, масъаларо омӯхта, сипас шарҳ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ВКД бо шарти фош нашудани ном гуфт, "баъзе аз волидон мехоҳанд бо даъвои шиканҷа, писарашонро аз ҷавобгарӣ озод кунанд".
Парванда: Ҷарима ё ду сол зиндон
Додситонии ноҳияи Зафаробод нисбат ба Наврӯз Нурзода, ҷавоне, ки наздиконаш иддао доранд, шиканҷа шудааст, бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмат парванда боз кардааст. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом ҷарима ё то ду сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Наврӯз Нурзодаи 22-соларо дар Боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан нигоҳ медоранд.
Вакили мудофеи Наврӯз Нурзода ба Додситонии вилояти Суғд муроҷиат кардааст, то рафтори маъмурони милисаи ноҳияи Зафарободро таҳқиқ кунанд.
Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеъ аз Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои 17 ва 23-юми декабр ба додситонӣ муроҷиат карда, то ҳол посух нагирифтааст. Як талаби вакил ин аст, ки Наврӯз Нурзода аз ташхиси пизишкӣ гузарад.
"Нурзода аз осеб ё эҳтимол аз шикастани ҷоғ шикоят дорад," – гуфт Дилафрӯз Самадова.
Волидони Наврӯз Нурзода мегӯянд, ӯ нияти фирор аз артишро надошт. Нур Каримов, падари Наврӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ночорӣ писарашро барои кор ба Русия фиристод.
"Писарам ба Русия рафт, то қарзро баргардонем"
"20 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, писарамро оиладор кардем. Боз барои хароҷоти замин қарздор шудем. Барои ҳамин, ба Русия коркунӣ рафт. Ман писарамро фиристам, ки пул ёфта фиристад, қарзҳоро баргардонем. Ӯ аз хидмат даст накашидааст," -- нақл кард падари ҷавони боздоштшуда.
Нур Каримов афзуд, писари дигараш хидмат кардааст ва ҳоло талабаш ин аст, ки фарзанди дуюмашро аз Боздоштгоҳ раҳо карда, ба артиш фиристанд. "Писарам одам накуштааст, худаш ба пойи худаш омад, ки ба артиш мераваму хидмат мекунам," – афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон солҳои гузашта низ сабт шудааст. Дар баъзе маврид кормандони ниҳодҳои қудратӣ барои шиканҷа ҷазо мегиранд, аммо дар ҳолатҳои дигар касе муҷозот намешавад. Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид дар гузашта гуфтааст, ки дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.