Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳамсари Каримов иҷозат надодаанд, ки духтарашро бинад


Татяна Каримова бо наберааш Имон (духтари Гулнора Каримова)
Татяна Каримова бо наберааш Имон (духтари Гулнора Каримова)

Татяна Каримова, ҳамсари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, мегӯяд, ба ӯ иҷозат надодаанд, ки бо духтараш Гулнора Каримова дар зиндони занона мулоқот кунад.

"Набераам Имонро, ки 25-сола мешавад, бо зодрӯзаш табрик мегӯям. Барояш хушбахтӣ, муҳаббат ва ғамхории наздикону пайвандонро таманно мекунам. Мутаассифона, ин рӯзи зебо дар зери соя монд. Ба ман иҷозат надоданд, ки бо духтарам Гулнора дар зиндон мулоқот кунам", - навиштааст Татяна Каримова дар Instagram рӯзи 17-уми июн.

Гулнора Каримова соли 2015 ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 ба гуноҳи "ғорати маблағҳои буҷети Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари ин давлат, инчунин, аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки Пётр Каримов, писари Ислом Каримов, модарандараш Татяна Каримоваро барои тақсими, ба қавли ӯ, ноодилонаи мерос ба додгоҳ кашидааст.

Интизор меравад, шикояти Пётр Каримов, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, дар додгоҳи Яккасаройи шаҳри Тошканд рӯзи 26-уми июн баррасӣ шавад.

Дар парванда номи Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов ва Пётр Каримов зикр шудааст, аммо маълум нест, даъво бар сари кадом мерос аст. Пётр Каримови 54-сола писари Ислом Каримов аз ҳамсари аввали ӯ Наталя Кучма мебошад.

Ислом Каримов аз соли 1991 то дами маргаш дар соли 2016 раҳбари Узбекистон буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG