Кумитаи норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) аз мақомоти Фаронса тақозо кардааст, ки дархости ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи боздошт ва супурдани фаъоли мухолифон, Муҳаммадиқболи Садриддин, иҷро накунад.
Масъулони созмон рӯзи 15-уми июн дар эъломияе гуфтанд, дар сурати истирдод ба Муҳаммадиқболи Садриддин дар Тоҷикистон шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад.
Дар изҳорот омадааст, мудири сомонаи “Ислоҳ” ва саҳифаҳои ҳамномаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, соли 2012 аз таъқиб фирор кард ва шаш сол пеш дар Аврупо паноҳ ёфт.
Кумитаи норвежии Ҳелсинки Муҳаммадиқболи Садриддинро як мунтақиди “ҳамеша пеши чашм ва фаъол”-и ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кардааст, ки “мавридҳои фасод ва поймолшавии ҳуқуқи инсонро аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба шиддат интиқод мекунад”.
Мақомоти Тоҷикистон чанд моҳ пеш ба Фаронса дархости истирдоди Муҳаммадиқболи Садриддинро фиристода, гуфтаанд, ӯро ба қаллобӣ дар соли 2010 гумонбар медонанд. Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад.
Гуфтугӯ