Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша дар марз ба сари Фароғат ва занони дигар чӣ овард? ВИДЕО


Фароғат Айёмиддинзода
Фароғат Айёмиддинзода
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад бо Қирғизистон чандин оиларо дар деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон бесаробон ва занону фарзандони онҳоро нигарону дарбадар кардааст. Мақомоти ду тараф якдигарро ба шурӯи даргирӣ ва вайронгарӣ гунаҳкор мекунанд. Сокинон мегӯянд, ҷабрро бештар онҳо мекашанд.

“То кай маро нигоҳубин мекунанд?”

Фароғат Айёмиддинзода дар муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 шавҳарашро аз даст дод. Ҳаётҷон Ҳайитов, ба нақли ҳамсараш, ҳангоми ба ҷойи амн кӯчондани аъзои оила дар ҷамоати Чилгазии Исфара кушта шуд.

То замони марги шавҳар онҳо натавониста буданд, масъалаи хонаро ҳал кунанд ва барои худ сарпаноҳ созанд. Ҳоло Фароғат Айёмиддинзода бо писари дусолааш дубора ба кулбаи падар ба ҷамоати Ворух баргаштааст.

Фароғат Айёмиддинзода бо кӯдакаш
Фароғат Айёмиддинзода бо кӯдакаш

"Бародари калониям чор фарзанд дорад. Дигарӣ се ва хурдӣ як фарзанд дорад. Ҳама аз пайи зиндагии худ ҳастанд. То кай маро нигоҳубин мекунанд? Муваққатан истодан мумкин аст, вале вақте писарам калон шавад, ба ӯ ҷой даркор," – шикоят кард зан. Дар ҳоле ки бовар дорад, агар шавҳараш кушта намешуд, “масъалаи сарпаноҳро ҳал мекард”.

Намояндагони давлат ба Фароғат Айёмиддинзода ба сабаби кушта шудани шавҳараш дар задухӯрди марзӣ 200 сомонӣ нафақа таъин кардаанд. Дар ҳукмати Исфара ваъда додаанд, ки барояш замини наздиҳавлигӣ медиҳанд, аммо Фароғат Айёмиддинзода мегӯяд, дар замини холӣ имкони бардоштани хонаро надорад.

Ҳоло дар замини падараш деҳқонӣ ва чорвопарварӣ мекунад: “Ҳанӯз фикри дубора оиладоршавиро накардам. Шояд шавад, шояд не. Ҳоло фақат дар фикри калон кардани фарзандам ҳастам.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Зиндагии зане, ки шавҳарашро дар ҷанҷоли марзӣ аз даст дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

“Аз танҳо зистан метарсам”

Танҳо Фароғат Айёмиддинзода нест, ки шавҳарашро дар задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад аз даст дод ва бори гарони зиндагӣ ногаҳон ба дӯшаш уфтод. Мавлуда Аббосова ҳарчанд хонаву дар дорад ва фарзандонаш низ соҳиби манзиланд, пас аз кушта шудани шавҳараш, Олимҷон Аббосов, дар деҳаи Сомониён эҳсоси ноамнӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, тақрибан ба ин маҳалла намеояд ва вақтро бештар дар хонаи фарзандону хешовандон мегузаронад. "Танҳо мондам, фарзандонам бепадар шуданд. Сарсон шудем. Дар инҷо аз танҳо зиндагӣ кардан метарсам," – нақл кард Мавлуда Аббосова.

Ба гуфтаи мақомот, дар соли гузашта дар минтақаҳои марзии Исфара бо Бодканди Қирғизистон 6 даргирии мусаллаҳона рӯй дод ва ҳар кадом чандин захмиву кушта бар ҷой гузошт. Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”, шаби 29-уми январи соли 2022 ҳангоми мадад ба захмиён кушта шудааст.

Ҳамсараш, Иноят Ҳалимова, мегӯяд, ҳодиса ӯро ба бемории қанд печонд. “Ҳар бор аз назди хона мегузаштанд, “сигнал” медоданд, ки бидон ман ҳастам. Ҳамон шаб бори охир як сигнали баланд доданду рафтанд, дигар ба зангҳоям ҷавоб надоданд,” – ба ёд овард ӯ.

Абдулатиф Шарифов 62 сол дошт ва даҳ соли охири ҳаётро ба кашондани беморон сарф кард. Пас аз марги ӯ, мақомот ба оила ёрии моддию маънавӣ расонда, як маҳалларо дар Исфара ба номи ӯ гузоштанд, вале захми дили наздикон марҳам наёфт.

Ҷанҷол ва музокирот

Ҷанҷол миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо боз барои таъину нишонагузории сарҳад идома дорад.

Ду ҷониб тақрибан ҳазор километр марз доранд, вале то ҳол зиёда аз 600 километрро муайян кардаанд. Бахши дигари сарҳад ҳанӯз дақиқ нест. Номуайянӣ ва даъвоҳо бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ боис ба даргирӣ мешавад.

Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо сарбозу афсар ва мардуми одӣ, аз ҷумла кӯдакон кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд. Ончунон ки сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз кушта шудани пайвандон маҳзунанд ва эҳсоси ноамнӣ мекунанд, дар он тарафи марз дар Қирғизистон низ айни эҳсосро доранд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба музокироти таъини марз, ки ба гуфтаи Содир Ҷабборов (Жапаров) суст ҷараён дорад, идома медиҳанд. Мардум мехоҳанд, ҳарчи зуд ба масъала нуқта гузошта шавад, то ба зиндагии оромонаи худ баргарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG