Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худамон сохтем." Сокинони Исфара гуфтанд, "ваъда ҳаст, ёрӣ нест". ВИДЕО


Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Хоҷаи Аъло. Моҳи январи 2022
Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Хоҷаи Аъло. Моҳи январи 2022

Даҳҳо сокини Исфара мегӯянд, дар муноқишаи соле пеш дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд, аммо ба ҷуз ваъда кумаке нагирифтанд.

Муноқиша шаби 27 ба 28-уми январи соли 2022 рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳудуди 30 ҳавлӣ дар ҷамоати Сурху Чоркӯҳи Исфара зарар дид. Дар он ҳодиса сокинони Қирғизистон ҳам осеб дидаанд.

Бобосаид Набиев, сокини Исфара, мегӯяд, "ба ҳукумат коғаз бурдем. Онҳо гуфтанд, кай буҷет шавад, кумак мекунем. Ҳоло ҳам буҷет нест. Вақте борон чакид, тирезаҳоро таъмир кардем. Дар пора-пора буд."

Радиои Озодӣ пештар дар бораи ин ки зарардидагон дар Исфара ҷуброн нагирифтаанд, гузориш таҳия кард. Он вақт баъзе аз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао карданд, ки ба мардум ёрӣ доданд.

Зарардидагон мегӯянд, маҷбур бо пуле, ки аз муҳоҷирати корӣ аз Русия оварда буданд, хона сохтанд, аммо онро ҳам то охир нарасонданд. "Намояндагони давлат гуфтанд, нарасед, хонаҳо ба шакли вайронааш истад. Аз таъсири барфу борон вайронтар шуд. Қариб як сол гузашт. Бо маблағи худамон аз нав сохтем. То зӯрамон расидан," – гуфт Абдувакил Хуҷабобоев.

Дар он муноқиша аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта ва аз ҳарду ҷониб беш аз бист кас захмӣ шуд. Абдулатиф Шарифови 62-сола, ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Беморхонаи марказии Исфара, ҳангоми наҷоти ғайринизомиёни деҳаи Хоҷаи Аъло аз зарбаи гулӯла ба ҳалокат расид.

Пайвандони Абдулатиф Шарифов мегӯянд, ҳанӯз ҳам ҷуброни ваъдагии мақомотро пурра нагирифтанд. Ба қавли Таборакхон Ҳалимова, яке аз хешовандони Абдулатиф Шарифов, "дар масъалаи замин чанд бор тавассути расонаи Шумо ва мустақим ба раиси шаҳр муроҷиат кардем. Дар як ҳавлӣ ду оила ба душворӣ зиндагӣ доранд. Медиҳем гуфтанд, вале кай? Таъин нест."

Видеоро дар инҷо бинед:

Сокинон гуфтанд, ваъда гирифтанду кумак не
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Дар чанд соли охир бар асари муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва сокинон бехонаву ҷой шудаанд. Аз тақрибан ҳазор километр марзи ду кишвар бахше аз он муайяну нишонагузорӣ нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG