Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тани Абдулатиф сахт пора шуда буд." Даъватҳо барои қадрдонӣ аз ронандаи кушташудаи "Ёрии таъҷилӣ" дар марз. ВИДЕО


Абдулатиф Шарифов
Абдулатиф Шарифов

Даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ба Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаи шаҳри Исфара, унвони давлатӣ бидиҳанд. Иддае дигар пешниҳод доранд, кӯча ё хиёбоне ба номи ӯ гузошта шавад. Абдулатиф Шарифов шаби 26-уми январ ҳангоми кашондани захмиён дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз тири миномёт кушта шуд.

Хонаводаи Абдулатиф Шарифов чаҳор рӯз боз мотам доранд. Ду писараш, ки се сол боз дар Русия муҳоҷиранд, натавонистаанд, дар маросими дафни ӯ иштирок кунанд. Пайвандон мегӯянд, тани Абдулатиф сахт пора шуда, биноан дар дафнаш шитоб карда шуд. Аз ӯ хотира мондааст.

Хайрулло Тошболтаев, мудири шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” дар Исфара, мегӯяд, “дар он кас ҳисси тарс набуд. Рӯзи 26-уми январ, соати тақрибан 7 ё 7:30-и бегоҳ, баробари фармони сартабиб ба ҷойи ҳодиса рафтанд.”

Мошини "Ёрии таъҷилӣ"
Мошини "Ёрии таъҷилӣ"

“Падарам ба мисли низомиён буданд. Касоне, ки барои хидмат қасам мехӯранд. Мегуфтанд, ки ман бояд равам. Ин кори ман аст, хидмати ман аст,” – ба ёд овард Абдуманнон Шарифов, писари Абдулатиф Шарифов рӯзи 30-юми январ.

Дар рӯзи ҳодиса ӯ тавонистааст, чандин захмиро аз “минтақаи доғ” ба бемористон орад. Вале дафъаи навбатӣ нақлиёти вай ҳадафи мушакпартоӣ қарор гирифта, худаш кушта шуда ва ду нафари дигар, ки дар нақлиёти ӯ қарор доштаанд, ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Азбаски мушаки миномёт мустақим ба мошин бархӯрдааст, сокинон мегӯянд, ӯро қасдан ҳадаф гирифтаанд ва меъёрҳои қоидаҳои ҷанг риоя нашудааст. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар пайванд ба қазияи мошини “Ёрии таъҷилӣ” тафсилоте надодаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мардум талаб дорад, ки номи ронандаи фавтидаи ёрии таъҷилӣ абадӣ гардонида шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Сокинон ва чанде аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки ба ӯ ҷоизаи давлатӣ дода шавад ё маҳаллаеро ба номаш бигузоранд. Аз ӯ се фарзанд ва шаш набера мондааст. Писаронаш мегӯянд, агар ба Русия мерафт, ҳоло шояд зинда мебуд.

“Пештар гуфта будам, ки ба Русия раванд, ҳуҷҷат тайёр карда, шиноснома гирем, то дар оянда нафақаи нағз гиранд. Гуфтанд, ки дар инҷо кор дорам ва маро ҷавоб намедиҳанд. Агар мерафтанд, мумкин аст, ҳамин ҳодиса намешуд,” – мегӯяд Абдуманнон Шарифов.

Абдулатиф Шарифов беш аз даҳ соли умри 62-солаашро сарфи хидмат ба беморон кардааст.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд.

Баъдан, шаби 27-уми январ, ду тараф дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун бурда, посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ беш аз 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати 30 сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад. Ду кишвар беш аз 900 километр сарҳад доранд.

XS
SM
MD
LG