Сокинони маҳаллае дар ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Қирғизистон, чанд сол боз аз фароҳам набудани иртиботи телефониву интернетӣ азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъ ҳангоми муноқишаҳои марзӣ ба онҳо душвориҳои зиёдро пеш меорад.
Ин минтақаро як кӯҳ аз Қирғизистон ҷудо мекунад ва ҳарос аз эҳтимоли такрори низоъ нигарониҳои зиёдро ба бор овардааст. Мақомот мегӯянд, муноқишаҳои марзӣ ба беҳтар шудани мавҷ халал расондааст.
“Дар хона илоҷи гап задан нест”
Хонаводаи Ҷаббор Бобоев тақрибан ҳар рӯз вақти зиёди хешро барои пайдо кардани мавҷи телефону Интернет сарф мекунанд.
Ду фарзанду домоди Бобоев ва чандин хеши дигараш солҳо боз берун аз Тоҷикистон ҳастанд, вале дар ҳолатҳои зарурӣ наметавонад, бо онҳо тамос бигирад.
“Рӯзона ба кӯҳ мебароем ё ба поин фаромада гап мезанем. Дар хона илоҷи гап задан нест. Шабона умуман гап задан намешавад. Бегоҳӣ гап зада мегирем, ки дигар имкони иртибот нест,” – нақл кард ӯ.
Дар маҳаллаи Бедаки ҷамоати Ворух беш аз сӣ сол боз ҳудуди 2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, камбуди обу роҳи ноҳамвор як тараф, надоштани иртиботи дастрас мушкили дигари рӯзгори онҳо гардидааст.
Ҳаким Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Бедаки Ворух, гуфт: “Наздик ба 3-4 сол боз ширкати “Вавilon” фаъол аст, ширкатҳои дигар нест. Мактуб навиштем, вале ҷавоби манфӣ ҳам надоданду чораи аризаи моро ҳам надиданд.”
“Дар муноқишаи 14-16-уми сентябри соли 2022 қувваи барқ хомӯш шуд. Ду-се рӯз бе мавҷи телефону интернет мондем. Пайвандон дар Русия хавотир шуданд. Натавонистем, бо бародару хоҳару наздикон ҳамсуҳбат шавем,” – шикоят кард сокини Ворух Акрамбойи Абдусамад.
Видеоро дар инҷо бинед:
“Ноқил ҳаст, вале...”
Масъулони Хадамоти алоқа мегӯянд, ин мушкил ба сабаби муноқишаҳои пайдарҳами марзӣ ба вуҷуд омадааст.
Ба қавли Сӯҳроб Ғоибов, мудири ширкати “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, “чор сол пеш байни Воруху Чоркӯҳ хатти “оптикӣ” доштем. Аз Куктош то Чорроҳаи Зарафшон ноқили мо дар замин хобидааст. Бо намояндагони Қирғизистон барои пайваст кардан маслиҳат мекунем, аммо марзбонҳояшон иҷоза намедиҳанд. Вақте ноқилӣ шавад, суръату сифат хуб мешавад."
Сокинон мегӯянд, мақомот бояд ба ин минтақаи марзӣ аз ин ҷиҳат таваҷҷуҳи бештар диҳанд ва ширкатҳои мобилиро муваззаф намоянд, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ ҳам мавҷу алоқа қатъ нагардад.
Чунин мушкилиро дигар минтақаҳои марзии шаҳри Исфара ҳам доранд ва аксар сокинонаш танҳо аз як ширкати мобилӣ истифода мекунанд. Интихоби васеъ надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукуматӣ аз кори Хадамоти алоқа танқид кард ва барои тезу босуръат кардани интернет дастур дод. Ҳарчанд ин мушкил нав нест ва солҳост, муштариёну сокинони Тоҷикистон аз кори ин ниҳод ба тундӣ шикоят мекунанду тағйире сар намезанад.
Гуфтугӯ