Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсараш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин "аз худ дарак дод, аз Боздоштгоҳи КДАМ" ВИДЕО


Абдуллоҳи Шамсиддин
Абдуллоҳи Шамсиддин

Ҳамсараш мегӯяд, Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи тоҷик, ки моҳи январ аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва бедарак шуд, дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст. Пештар додситони кул ва вазири корҳои дохилӣ аз ҷойи будубоши ӯ изҳори бехабарӣ карда буданд.

Сумая Пирова, ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин, 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ӯ рӯзи гузашта гап зад. Абдуллоҳи Шамсиддин гуфтааст, парвандаашро муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ доранд, аммо нагуфтааст, ки ба чӣ гумонзад аст.

Радиои Озодӣ нусхаи суҳбатро ба даст овард, аммо мустақилона тасдиқ карда наметавонад, ки садои Абдуллоҳи Шамсиддин аст ё каси дигар. Ҳамсараш низ мегӯяд, дар оғоз садоро каме нашинохт, "вале худаш гуфт, ки каме бемор асту садояш гирифта". Мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ ҷойи нигоҳдории ӯро нагуфтаанд. Парвандаашро низ.

Ба қавли ҳамсараш, Абдуллоҳи Шамсиддин бо ду фарзандаш низ суҳбат карда. "Абдуллоҳ гуфт, саломатияш хуб аст ва дар шароити беҳтар нигоҳдорӣ мешавад; намояндагони ниҳод бо ӯ муомилаи хуб доранд," – афзуд ӯ.

Сумая Пирова аз тамос хушҳол аст, вале мегӯяд, то замоне ӯро ба чашм набинад, ором нахоҳад шуд. Ӯ пештар ба мақомоти қудратии кишвар нома фиристода буд, ки шавҳараш "аз бемории диққи нафас (астма) ранҷ мекашад" ва аз вазъу шароити нигаҳдории ӯ дар ташвиш ҳастанд.

Ҳамсараш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин "аз худ дарак дод,
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Абдуллоҳи Шамсиддин 32-сола аст ва аз соли 2009 дар Олмон мезист. Дар бораи тарзи ихроҷаш гуфтугузор зиёд аст. Пайвандонаш мегӯянд, қазияи ӯ ба навиштани маълумоти хато ҳангоми даромадан ба хоки Олмон ва гирифтани паноҳандагӣ рабт дорад.

Як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар моҳи январ гуфта буд, ки ӯ қаблан ба гумони зӯроварӣ ба зан боздошт ва ба пардохти ҷарима муваззаф шуда буд. Нуктае, ки баъзе аз наздиконаш рад намекунанд, аммо мегӯянд, ин ҳодисаи 11 сол пеш аст ва ҳал шуда буд.

Пас аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва намояндагони баъзе аз созмонҳои мухолифони тоҷик дар Олмон эътирозу гирдиҳамоӣ карданд, вале аз тарафи мақомоти ин кишвари аврупоӣ посухе нагирифтанд. Онҳо ташвиш доранд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳам қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, ки дар Тоҷикстон ғоибона ба зиндон маҳкум шудааст, шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд.

Пас аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёре аз аъзо ва ҷонибдорони ин ва созмонҳои дигари сиёсии мухолиф дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG