Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабар надодаанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ба Душанбе расонда шудааст ва сарнавишти ӯ чӣ хоҳад шуд.
Наздиконаш мегӯянд, Абдуллоҳи Шамсиддин як ҳафта пеш аз Олмон ба Тоҷикистон депорт шуд, аммо дар ин муддат дар бораи ӯ ҳеч гуна маълумот надоранд. Муроҷиатҳои Радиои Озодӣ низ барои гирифтани хабаре дар ин бора натиҷа надод.
"Вокунише аз ҷониби ҳукумат надорем"
Шамсиддин Саидов, узви собиқадори Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва падари Абдуллоҳи Шамсиддин, мегӯяд, номаълумӣ хонаводаро музтарибу нигарон кардааст: "Мо номаи тасдиқи интиқоли ӯро аз ҷониби ниҳодҳои олмонӣ гирифтем, аммо то ин дам ҳеч хабаре, вокунише аз ҷониби ҳукумат дар даст надорем."
Ӯ рӯзи 26-уми январ.эътироф кард, ки вуруди писараш, Абдуллоҳи Шамсиддин, ба қаламрави Олмон бо пешниҳоди маълумоти хато яке аз сабабҳои бозпас фиристодани писараш ба Тоҷикистон шудааст.
"Вақте Абдуллоҳ омад, таҷрибаи ҳиҷрат ба Аврупо барои тоҷикон нав буд. Бо чанд ҷавон ба ин хулоса расиданд, ки ному фамилияву адреси худро бигӯянд, шояд ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаи онҳо фишор меорад. Аз ин ҷиҳат, касе ном иваз кард, касе насаб иваз кард. Абдуллоҳ номи худро гузошт, вале санаи таваллуд ва номи хонаводагиро тағйир дод, то даме ки мо мутаваҷҷеҳ шудем," – афзуд ӯ.
Шамсиддин Саидов иддао кард, ки сарпечии сафорати Тоҷикистон дар Берлин аз додани санади ҳуввият ва дахолати он ба парвандаи паноҳандагии писараш сабаби ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон шудааст. Як намояндаи сафорат ин иддаоро рад кард ва гуфт, ҳеч ниҳоде ва бахусус сафорати хориҷӣ қудрати таъсир гузоштан ба қарори додгоҳи Олмонро надорад.
"Парванда дошт"
"Мақомоти Олмон дар расонаҳои худ ин масъаларо шарҳ доданд. Инҷо Аврупо аст. Вақте Додгоҳи Олмон қарор кард, ҳамчун ниҳоди комилан мустақил бар асоси санадҳо тасмим мегирад," -- гуфт намояндаи сафорат рӯзи 26-уми январ. Ҳамсуҳбати мо бе зикри номаш иддао кард, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар гузашта ба сабаби бадрафторӣ ва қонуншиканӣ дар Олмон парванда дошт.
Яке аз пайвандонаш тасдиқ кард, ки ӯ дар соли 2011 "пас аз ҳамзистӣ бо як хонуми олмонӣ ва зӯроварӣ ба додгоҳ кашида шуд ва бо пардохти ҷарима озод гардид. Аз ин ҳолат 12 сол гузаштааст ва дар қазияи истирдоди ӯ ин масъала ҷой надошт."
Баъд аз се дафъа рад шудани дархости Абдуллоҳи Шамсиддин барои монданаш дар Олмон, мақомоти ин кишвар ӯро рӯзи 18-уми январ ба Душанбе ихроҷ кардаанд. Ҷое, ки ҳанӯз дар куҷо буданаш маълум нест. Абдуллоҳи Шамсиддин 32-сола аст ва аз соли 2009 дар Олмон мезист.
Пештар тасмими ихроҷи ӯ аз кишвари аврупоӣ боис ба эътирози ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Онҳо ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, дар Тоҷикистон шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд. Шамсиддин Саидов дар ғайбаш дар Тоҷикистон ба 15 сол зиндон маҳкум шудааст.
Пас аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёре аз аъзо ва ҷонибдорони ин ва созмонҳои дигари сиёсии мухолиф дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
Гуфтугӯ