Ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси КДАМ, додситони кул ва вазири корҳои дохилӣ, хостааст, ҷойи нигаҳдории ӯро бигӯянд.
Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, намояндаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи январи имсол аз Олмон ихроҷ ва, ба иттилои наздиконаш, ба Душанбе бурда шуд. Аз он замон то ҳоло дар куҷо буданаш маълум нест.
Сумая Пирова, ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин, дар номааш гуфтааст, "аз бемории диққи нафас (астма) ранҷ мекашид" ва аз вазъу шароити нигаҳдории ӯ дар ташвиш ҳастанд. Радиои Озодӣ нусхаи номаро 28-уми феврал дид. Дақиқ нест, мақомоти Тоҷикистон онро дастрас кардаанд ё не.
Хонум Пирова бо назардошти инки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нопадид ва баъд аз муддате дар Душанбе ёфт шуданд, бовар дорад, Абдуллоҳи Шамсиддин дар яке боздоштгоҳҳои кишвар аст.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал гуфт, "вобаста ба Абдуллоҳи Шамсиддин ягон маълумот надорам”. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи ихроҷ ва боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин чизе намедонад.
Ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон боис ба эътирози ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Онҳо ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, дар Тоҷикистон шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд.
Абдуллоҳи Шамсидидини 32-сола аз соли 2009 дар Олмон мезист.
Гуфтугӯ