Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ ҳам гуфт, дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин хабар надоранд. Паc ӯ куҷост?


Абдуллоҳи Шамсиддин
Абдуллоҳи Шамсиддин

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, хабар надорад.

Пештар Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфта буд, ки дар бораи ихроҷ ва боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин маълумот надоранд.

Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, вале наздиконаш мегӯянд, дар бораи макони будубоши ӯ хабар надоранд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ гуфт, "вобаста ба Абдуллоҳи Шамсиддин ягон маълумот надорам, оид ба овардани ӯ ба Тоҷикистон, агар ягон маълумоти дақиқ пайдо кунем, ҳатман ба саҳми шумо мерасонем.”

Шамсиддин Саидов, узви собиқадори Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва падари Абдуллоҳи Шамсиддин, мегӯяд, номаълумӣ хонаводаро музтарибу нигарон кардааст.: "Мо номаи тасдиқи интиқоли ӯро аз ҷониби ниҳодҳои олмонӣ гирифтем, аммо то ин дам ҳеч хабаре, вокунише аз ҷониби ҳукумат дар даст надорем."

Ӯ рӯзи 26-уми январ эътироф кард, ки вуруди писараш, Абдуллоҳи Шамсиддин, ба қаламрави Олмон бо пешниҳоди маълумоти хато яке аз сабабҳои бозпас фиристодани писараш ба Тоҷикистон шудааст.

Ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз кишвари аврупоӣ боис ба эътирози ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Онҳо ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, дар Тоҷикистон шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд.

Нисфирӯзии 16-уми феврал гурӯҳе аз тоҷикони муқими Олмон ҳамроҳ бо дӯстони олмониашон бо талаби пас гардондани Абдуллоҳи Шамсиддин дар шаҳри Дортмунд эътироз карданд. Дар ин этироз, ки дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунд баргузор шуд, беш аз 30 нафар тоҷикону олмониҳо ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG