Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор
"Ҷозиба ва бераҳмии ғайриинсонии Сталин бо ҳам зид набуданд. Онҳо сарчашмаи қудрати ӯ ба ҳисоб мерафтанд..." (Хироааки Куромиия, Stalin, Profiles in Power)
Мо чун ҳамеша ба рӯйдодҳои таърихӣ диққат медиҳем. Моҳи марти соли 2023 ба марги Иосиф Сталин 70 сол пур мешавад.
Чанде пеш барои баргашт ба мавзӯи Сталин сабаби дигаре пайдо шуд. Донишмандони Қазоқистон моҳи январи соли 2023 маводи Кумисюни давлатиро дар бораи афви пурраи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ба президент Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод карданд. Мавод дар 31 ҷилд гирдоварӣ шудааст.
Дар Русия махзани электронии қурбониёни терроризми сиёсӣ дар замони СССР ҳаст, вале дар он тоҷикистониҳо бисёр кам ёдоварӣ шудаанд. Дар Қирғизистон соли 2021 “Китоби қурбониёни таъқибҳои сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон (1920-1953)” дар 10 ҷилд аз чоп баромад.
Ёдбуди қурбониёни таъқибҳо дар Узбекистон низ баргузор мешавад. Дар ин кишвар 22 сол пеш маҷмааи ёдгории “Хотираи шаҳидон” (Шаҳидлар хотираси) гузошта шуд ва аз он замон ба ин сӯ ҳар сол 31-уми август дар Узбекистон ҳамчун Рӯзи ёдбуди таъқибҳои сиёсӣ таҷлил мешавад. Додгоҳи олии Узбекистон (дар охири соли 2022 ва аввали соли 2023) 393 нафарро, ки дар солҳои 1920-1930 таъқиб шуда буданд, аз ҷумла ба истилоҳ босмачиҳо, “сафед” кард. Донишмандони ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба таҳияи китоби бисёрҷилдаи "Қурбониҳои саркӯб" машғул ҳастанд.
Дар мо чӣ?
Наметавон гуфт, ки таърихи солҳои фоҷиавии 1930 барои тоҷикон чандон аҳамият надорад. Аз соли 1957 дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) корҳои муайяни «сафедкунӣ» оғоз шуд, вале интихобӣ ва нопурра ва ноаён сурат гирифт. Он дар Тоҷикистон боз ноаёнтар анҷом шуд.
Ҳамин тариқ, барқарорсозии узвияти раиси ҳукумат дар солҳои 1929-1933 Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ҳизб соли 1967 танҳо бо хоҳиши хешовандони ӯ ва зери муҳри «комилан сиррӣ» сурат гирифт.
Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар соли 1989, дар авҷи бозсозӣ, тасмим гирифт, ки хотираи раҳбарони таъқибшудаи ҷумҳурӣ абадӣ гардонида шавад. Имрӯз ба номи онҳо кӯчаҳо номгузорӣ ва муҷассамаҳо гузошта шудааст.
Дар Тоҷикистон аз Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва чандин каси дигар, ки солҳои 30-юми асри гузашта таъқиб шуда буданд, ёд меоранд.
Ба саргузашт ва хидматҳои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуда, аз ҳарф задан дар бораи шахсоне, ки ин таъқибҳоро оғоз карданд ё иштирок доштанд ва ё дар умум дар бораи моҳияти сталинизм худдорӣ мешавад. Ҳарчанд бисёре аз донишмандон ва адибони тоҷик, ки дар урдугоҳҳо (лагерҳо)-и таъқибшудагон буданд, зинда баромаданд ва баъд аз марги Сталин низ ба сар бурданд, вале мо Шаламовҳо ва Солженитсинҳои худро надоштем.
Охирин нависандаи таъқибшудаи тоҷик, ки ҳам баъд аз марги Сталин ва ҳам пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ зинда буд, Раҳим Ҳошим буд. Ӯ соли 1993 даргузашт.
Файласуф ва ҷанговари тоҷик Алоуддин Баҳоуддинов баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ) зиндонӣ шуд ва рӯдхонаи Волга-Донро бунёд кардааст. Баҳоуддинов ҳамроҳи ҳамсараш Антонина, ки ӯ низ зиндонӣ буд, соли 1951 аз урдугоҳ озод шуд. Аҷобат дар он аст, ки ин маълумот дар ягон ҳолномаи расмии академик ва матлабҳои навиштаи шогирдонаш дар бораи ӯ зикр нашудааст.
Тоҷир ва китобхони самарқандӣ Абдуллоҷон Абдулхолиқ ва ду писари ӯ — нависандагон Рашид ва Ғанӣ дар соли 1937 дастгир ва зиндонӣ шуданд. Рашид ва падараш солҳои 1937-1940 дар урдугоҳ ҷон бохтанд. Ғанӣ (Ғанӣ Абдулло, драматурги машҳур) соли 1947 озод шуд, вале танҳо баъди “сафед” шудан дар соли 1955 тавонист, ба шаҳри Сталинобод, пойтахти Тоҷикистон, баргардад. Баъд аз баргашт ба ҷойи пуштибонӣ ва ҳамдардӣ бо нигоҳҳои бадхашмонаву муносибатҳои нодӯстонаи ҳамсолони ҳамқаламаш рӯбарӯ шуд.
Худи Садриддин Айнӣ, ки зоҳиран писандидаи ҳукуматдорон буд, дар тӯли солҳои 1930 ҳамеша дар ҳарос буд, ки боздошт нашавад. Ҳам ӯ ва ҳам коргардон К.Ёрматов бо шумули садҳо, шояд ҳазорҳо тоҷики дигар, аз тарси таъқиб ба муҳоҷир табдил ёфта, ба умеди поён ёфтани саркӯбгариҳо дар берун аз Тоҷикистон пинҳон буданд.
Ба ҳисоби муҳаққиқи амрикоӣ Ф.Робертс, аз 20 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 9 нафар (ҳудуди нисф) соли 1937 боздошт шуданд. Дар ин миён панҷ каси онҳо дар зиндон ҷон бохта, шашумӣ беш аз даҳ солро дар зиндон гузаронд. Се нафар то охири соли 1938 озод шуданд.
Ягон нафар аз қурбониёни террори сталинии шомил ё берун аз рӯйхат барои наслҳои баъд дар бораи он давра ва урдугоҳҳо матнеро ба мерос нагузоштанд ва нагуфтанд, ки зиндагӣ бо тамғаи “душмани халқ” чӣ гуна аст. Истиснои кӯчаке дар ин замина ёддоштҳои Бароат Ҳоҷибоева дар бораи падараш “Абдураҳим Ҳоҷибоев: саҳифаҳои умри кӯтоҳ” аст, ки соли 2000 бо теъдоди ҳамагӣ 200 нусха нашр шуд.
Ҳамчунин очерки Рашид Абдуллои муосири мо дар бораи падараш Ғанӣ Абдулло.
Сталин 70 сол мешавад, ки аз байн рафтааст ва дар Тоҷикистон низ дигар ягон шаҳру колхоз, кӯча ё хиёбоне ба номи ӯ намондааст. Аммо хотираи ӯ ҳанӯз “зинда” аст. Гузашта аз ин, ба назар мерасад, тайи чанд соли охир ҳасрати Сталин ва хоҳиши зиндагӣ дар "Иттиҳоди навшудаи Шӯравӣ" дар Тоҷикистон ва минтақаҳои дигари пасошӯравӣ ҷунбиши тоза гирифтааст. Оё чунин аст?
Агар ин тавр аст, пас, ин ҳикояҳоро бо кӯшишҳои таҳкими соҳибихтиёрии миллӣ чӣ гуна метавон созгор сохт? Оё метавон бо золим ва қурбонии ӯ дар як вақт ифтихор кард? Чаро гузаштаи Шӯравӣ, ки эҳтимол Сталин дар он мақоми марказиро ишғол менамояд, тоҷиконро тарк намекунад?
Тоҷикистони "сталинӣ"?
Болшевикҳо пеш аз инқилоб мегуфтанд, ки давлати пролетариати ғолиб аз рӯи принсипи сиёсӣ ва маъмурӣ бояд ба вилоятҳои худмухтор тақсим карда шавад. Пас аз соли 1917 дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, марказҳои ҳаракати этно-миллӣ ба ҷонибдорӣ аз худмухторӣ (Алаш-Орда, Қӯқанди худмухтор) ба вуҷуд омаданд. Дар минтақа босмачигарӣ, ҳаракати мусаллаҳонаи зиддишӯравӣ оғоз шуд. Ҳаракате, ки бар асоси миллатгароии исломӣ, дарки истиқлол аз нигоҳи шариат ва соҳибихтиёрӣ ташкил ёфтааст.
Болшевикҳо бар зидди ин ҳаракатҳо ҷанг эълон намуда, дар баробари ин дарк карданд, ки барои нигоҳ доштани ҳокимият бояд ба созиш расид ва ба ҳуқуқи миллӣ дар «канораҳо»-и Русия иҷозат дод. Бинобар ин, соли 1919 тасмим гирифта шуд, ки бояд аз масири созандагии миллӣ пеш рафт. Миллатҳо бояд дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ зери назорати қатъии ҳизб рушд кунанд, то дар оянда ихтилофҳоро бартараф намуда, шахсияти нави Шӯравиро ташаккул диҳанд.
Ин таҷрибае буд, ки дар таърих собиқа надошт: дар харобаҳои аморати Бухоро ва «Туркистони рус» давлатҳои миллии ибтидоӣ ташкил ва дар онҳо фарҳангу маорифро рушд дода, саноатикунонӣ ва озодсозии занонро ба роҳ монд. Ин нақшаи дар давраи маорифпарварии Аврупо сохташударо метавон таҳсин кард, агар ду «не»-и бузург намешуд.
- Якум: болшевикон ҳамон императорпарастони рус боқӣ монданд, яъне мехостанд, сарзамини империяи собиқи Русияро дар зери тасарруфи Маскав нигоҳ доранд ва ба "ғарибон"-и дирӯза истиқлолу озодӣ надиҳанд.
- Дувум: раҳбарияти болшевикҳо бар ин назар буд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург метавон моликияти мардумро аз худ кард, иқтисодро ба ҳам зад, аз озодӣ маҳрум сохту одамонро дастҷамъона ба қатл расонд. Бо онҳо кореро анҷом дод, ки худ лозим мешумурданд ва мардум набояд шикоят кунанд, зеро таваққуъҳои бузурге ба миён меояд.
Ҳанӯз дар давраҳои Ленин қарор шуда буд, ки ба ҷои Русия бояд на давлати ягона, балки ҷумҳуриҳои конфедеративӣ ташкил шавад. Дар мавриди он ки дар Осиёи Миёна кӣ бояд «миллат» бошад, як тавофуқи тахминӣ ҳосил шуда буд. Аммо меъмори асосии сиёсати миллӣ Сталин буд, ки ҳамчун шогирди бовафо кори устоди худро идома дод. Машварат, баҳсу мунозираҳо дар робита ба марз тамоми солҳои 1920-ум идома ёфтанд. Раҳбарияти Маскав ба садоҳои «поён» гӯш дод ва далелҳои раҳбарони миллиро шунид.
Тоҷикон дар аввал дар рӯйхати миллатҳое, ки бояд дар доираи низоми Шӯравӣ соҳиби давлат мешуданд, набуданд. Албатта, тоҷикон ҳамчун қавме, ки онҳоро забони муштарак ва зиндагии муқимӣ муттаҳид месохт, вуҷуд доштанд, вале нухбагон (элитаҳо)-и ташнаи сиёсатро надоштанд, ки дар миёни ҳамқавмони худ ҷонибдор дошта бошанд. Туркҳо чунин нухбагон доштанд. Зеро пешвоёни миллии Тошканд ва Самарқанд ба таҷрибаи муосири туркҳои ҷавон майл доштанд ва қасди болшевиконро барои тақсим кардани Осиёи Миёна саривақт тахмин карда буданд.
Бо вуҷуди ин, конфигуратсияи нерӯҳои сиёсӣ он замон бо мансубияти нажодии амалгарҳои асосӣ умумияти кам дошт. Аз ҳама қавитарин гурӯҳи форсизабонони бухороӣ аз хонаводаи сарватманд Файзулло Хоҷаев буд, ки аз сӯи Сталин барои ҷонибдорӣ аз сиёсати Маскав, бахусус ҳангоми мубориза бо Анвар-пошо дар соли 1922 пуштибонӣ мешуд.
Роҳбарони ҳизбии форсизабонони Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд, ки дар тими Хоҷаев буданд, ба хотири боло рафтан дар зинаҳои мансаб манфиатҳои Узбекистони калону тавоноро дунбол мекарданд.
Бо вуҷуди он, тоҷикон соли 1924 бо таъсиси ҶШС Тоҷикистон унвони расмии миллатро (титульная нация) соҳиб шуданд, вале дар ҶШС Узбекистон.
Раҳбарони худии тоҷикон ба миён омаданд. Онҳо дер ҳам бошад, дар робита ба масъалаҳои ҳудудӣ, мақоми давлат ва ҳуқуқ ба соҳибихтиёрию худидоракунӣ талабҳоеро карданд. Инҷо бояд эътироф кард, ки Сталин онҳоро шунид ва ҷонибдорӣ намуд. Муҳим нест, ки ба ин кор ӯро чи водор сохт: ҳусни таваҷҷуҳ ба тоҷикон, назари илмии академикӣ, кӯшишҳо барои монеъ шудан ба пантуркизму афзоиши шуҳрати Хоҷаев, геополитика ё ҳамаи ин сабабҳо дар якҷоягӣ.
Сталин ҳамчун диктатор ва соҳиби ҳокимияти олӣ дар СССР дар робита ба «масъалаи миллӣ» чандин сухани муҳим гуфтааст, ки ба ташаккули Тоҷикистон таъсири бузург расондаанд. Ӯ аз ватандӯстии тоҷикон, ки дар миёни раҳбарони аввали Тоҷикистон ба миён омада буд, ҷонибдорӣ кард.
«Тоҷикон таърихи бой доранд; қобилияти бузурги ташкилотчигӣ ва сиёсии онҳо дар замони гузашта барои касе пинҳон нест», — навишта буд ӯ дар мактуби худ ба халқи тоҷик ба муносибати эълон шудани Ҷумҳурии Шӯравии Худмухтори Тоҷикистон 14-уми марти соли 1925. Се сол баъд ба даъвои 28 узви Кумитаи вилоятии тоҷикистонии Ҳизби коммунисти Узбекистон, ки зери номае ба Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии умумишӯравӣ барои ҳамроҳ кардани баъзе аз ноҳияҳои Узбекистон ба ҶШС Тоҷикистон имзо гузошта буданд, таваҷҷуҳ намуда буд.
Онҳо далелҳои лозимӣ, аз ҷумла далелҳои бюрократиро пайдо карданд, то ба боло муроҷиат кунанд. Муаллифони нома “таъқиб, коҳиши буҷет, адам (набудан)-и кумак, камтаваҷҷуҳӣ, нодида гирифтани манофеи тоҷикон... самти ассимилятсияи тоҷикон дар Узбекистон”-ро ҳамчун омилҳои асосии ҷудошавӣ аз Узбекистон пешниҳод карданд.
Сталин ҳамчун раҳбари давлати Шӯравӣ пушти бурунрафти Тоҷикистони худмухтор аз ҳайати Узбекистон, шомилшавӣ ба ҷумҳурии вилояти Суғди муосир истода, соли 1929 ба Тоҷикистон мақоми ҷумҳурии иттифоқиро дод. Худи Хоҷаев мухолифи ин қарор набуд. Шояд барои он ки ин масъала бидуни ӯ дар боло ҳал шуда буд. Дар ҳақиқат, дар Самарқанду Бухоро (ватани аксари имзокунандагон) ба тоҷикон ҷавоби рад доданд. Аммо бо вуҷуди ин, натиҷа мусбат буд. Агар ин тавр намешуд, Тоҷикистон имрӯз давлати мустақил намебуд, балки ба Чеченистони солҳои 90-ум шабоҳат медошт ё ба Қарақалпоқистони имрӯз - худмухторе, ки ки барои ҷудо шудан аз Узбекистон мубориза мебарад.
Аммо Сталин хайрхоҳ ва пуштибони беғарази тоҷикон набуд. Ӯ дарк мекард, ки Тоҷикистон бо ҳуввияти эронии худ метавонад ва бояд дар баробари тамоюли тавонотару хатарноктари миллатгароии туркӣ дар империяи собиқи Русия тавозунро таъмин кунад. «Тоҷикон халқи хосанд. Онҳо на узбеканд, на қазоқанд ва на қирғизанд, онҳо қадимтарин мардуми Осиёи Миёна мебошанд», — гуфтааст ӯ дар соли 1941.
Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои муҳими этнологиии сталинӣ ва таҳкими қудрати шахсии худи Сталин воситаи муассир буд. Аз ҷумла:
- 1) ҳамчун воситаи муборизаи дохилии ҳизбӣ бар зидди коммунистони мусулмон (гурӯҳи Турар Рисқулов), ки дар ибтидои солҳои 1920 нақшаи ташкили Ҳизби коммунистии Туркистон ба ҷои Ҳизби коммунистии Русия, барҳам додани сохти Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Туркистон бар пояи тақвияти сиёсиву миллии туркҳоро доштанд;
- 2) ҳамчун аслиҳаи мубориза бо ҷадидияи ниҳонӣ, ки бар пояи туркизм асос ёфта, барои ҳифзи Узбекистони бузург ҳамчун вориси аморати Бухоро талош мекард (лоиҳаи Ф. Хоҷаев);
- 3) ҳамчун василаи геополитикаи русӣ дар ниқоби «Интернатсионали коммунистӣ», таъмини дастрасии ғояҳои коммунистӣ ва баъд аз он барои худи Русия, аз Тоҷикистон то Афғонистон ва минбаъд то ба уқёнуси Ҳинд бо мақсади тақвияти мақоми Русия ҳамчун бузургтарин империяи Авруосиё.
Робитаи Тоҷикистон бо Сталин барои ҳар ду ҷониб манфиатовар буд: онҳо ба ҳамдигар эҳтиёҷ доштанд.
Сталин ва раҳбарони миллии тоҷикон
Ҳарчанд Сталин боре ба Осиёи Миёна сафар накарда бошад ҳам, бархилофи Ленин ӯ дар утоқи корияш бо бештари мансабдорони давлатӣ ва ҳизбии ҷумҳуриҳои миллӣ мулоқот кардааст. Ӯ ба кадрҳои донишманду босадоқат ниёз дошт. Шумори ингуна кадрҳо дар Тоҷикистон хеле кам буд. Ба истиснои котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Туркистон аз Хуҷанд Абдураҳим Раҳимбоев, (ки ҳамроҳи А. Мавлонбекови хуҷандӣ моҳи октябри соли 1921 бо Ленин мулоқот кардааст), Сталин ду раҳбари дигари Тоҷикистон – Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоевро шахсан пеш мебурд. Аммо ин ҳама садди роҳи тасмими ӯ шуда натавонистанд, ки солҳои 1937-1938 шахсан ба ҳабс ва эъдоми онҳо иҷозат дод. Чаро? Барои коре? Ё бедалел?
СССР ҳам як империя ва ҳам як кишвари сермиллате дар симои як давлат буд. Дар миёни мардуми ғайрирус, бахусус дар шаклҳое, ки аз сӯи ҳизб, мақомоти Шӯравӣ ва ниҳодҳои бехатарӣ назорат намешуданд, худшиносии миллӣ якравона бедор шуданд. Мардон дар Тоҷикистон дар ҷамъомадҳои ғайрирасмӣ ё ба истилоҳ, гапҳо гирди ҳам омада, дур аз чашми бегонаҳо масъалаҳоеро, ки худ муҳим мешумурданд, аз ҷумла умури сиёсиро баррасӣ мекарданд.
Бо вуҷуди таъқиби дин, пайравӣ ба Ислом, ки аз ҷониби занон дар сатҳи оила дастгирӣ меёфт, боқӣ монд. Оё раҳбарони Тоҷикистон болшевики самимӣ буданд, ки ба пирӯзии коммунизм бовар доштанд ё ба хотири зинда мондан, карйера сохтан ва ҳамзамон мусоидат ба табдили тадриҷии Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаи соҳибистиқлол бо ҳукуматдорон бозӣ мекарданд ? Мо инро то замоне, ки ба бойгонӣ наравем ва саргузашти ҳар яке аз онҳоро алоҳида наомӯзем, нахоҳем фаҳмид. Ҳоло танҳо метавон тахмин кард, ки барҷастатарин пешвоёни сиёсии асри 20 аз А.Муҳиддинов, А.Ҳоҷибоев, Н.Махсум, то Б.Ғафуров ва М.Осимӣ маҷбур буданд, ки ҳунари нозуки ҳифзи арзиш ва манфиатҳои миллиро дар доираи бартарияти идеологияи коммунистӣ азхуд кунанд.
Онҳо маҷбур шуданд, ки ба сиёсати Кремл мутобиқ шуда, дар баробари садоқат ба коммунистон, тадриҷан дунболи барномаҳои сирф миллӣ ва ба арзишҳои анъанавӣ содиқ монанд. Барои намуна, Айнӣ дидондори амиқ, мударриси мадраса буд ва рисолаҳои диние менавишт, ки маҷбур буд «дар рӯи миз» пинҳон кунад. Вай сиёҳнависҳои зиёдеро гузоштааст, ки мунтазири таҳқиқи беғаразанд. Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар солҳои 1946-1956 Бобоҷон Ғафуров писари шоир ва аз авлоди шоири маъруфи форси асри 14, шайхи сӯфӣ ва диншинос Камол Хуҷандӣ буд. Ӯ соли 1974 сарфи назар аз бемории сахти худ бо баҳонаи «беҳсозии робитаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Арабистони Саудӣ» ба зиёрати Каъба рафт. Вай баъди бозгашт ба ҳамкорони худ иқрор шуд, ки муҳимтарин руйдоди зиндагии ӯ адои ҳаҷ аст ва он ҳама мансабҳои ишғол намудаву корҳои анҷомдодааш арзише надоранд. Сипас барои мурдан ба зодгоҳаш баргашт.
Яке аз намунаҳои дигар дар ин замина шахсияти Муҳаммад Осимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар солҳои 1965 - 1988 шуда метавонад. Ӯ ягона ходими давлатии ҷумҳурии Шӯравӣ аст, ки ду насаб Осимӣ (тоҷикӣ) ва Асимов (русӣ) дошт. Аввалӣ барои рӯҳия ва нашри матолиб дар хориҷ ва дувумӣ барои ҳуҷҷатнигории расмӣ дар дохил истифода мешуд. Ӯ ҳамчун коммунист ва ҳамзамон тоҷики ватандӯст ҳомии ашаддии имкониятҳои азиме буд, ки сохти Шӯравӣ барои рушди маориф ва илм дар Тоҷикистон фароҳам меоварад.
Беҳудагии сиёсати «сохтани коммунизм» ва тамоюли роҳбарони ҷумҳурӣ барои нишон додани ташаббус ва мустақилӣ шубҳа, хашму душманигарӣ ва танқиди Кремлро ба бор овард. Раҳбарияти Тоҷикистон дар тӯли тамоми давраи Шӯравӣ борҳо ба «тозакунӣ (чистка)-и бераҳмонаи кадрӣ» дар сатҳои гуногун дучор шудааст. Сабаби расмӣ «миллатгароии буржуазӣ», барзиёднависӣ ҳангоми захираи пахта ва гайра гуфта мешуд. Намунаи нисбатан наздик (барои муаллифи ин матн) ва беасос аз вазифа ва аз сафи ҳизб хориҷ кардани ду роҳбари харизматикии ҷумҳурӣ — котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Турсун Улҷабоев (соли 1956 дар ин мақом Б. Ғафуровро иваз кард) ва раиси Шӯрои вазирони ҶСШ Тоҷикистон Н. Додхудоев шуда метавонад, ки соли 1961 ҷомеаи тоҷиконро ба ларза даровард. Аммо барои Тоҷикистон аз ҳама даҳшатноктарин ҳаводиси солҳои 30-юм буд. Таъқибҳо ваҳшиёна ва ғайриқобили тавҷеҳ буданд.
Поёни қисми аввал
Гуфтугӯ