Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдураҳим Ҳоҷибоев: қаҳрамони миллӣ ё иштибоҳкор?


Абдураҳим Ҳоҷибоев, нахустин раиси Шӯрои нозирони халқ (сарвазир) - и Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929 - 1933), раҳбари зеркомиссияи тоҷикон дар Комиссияи тақсимоти ҳудудҳои миллии Осиёи Миёна, қурбонии репрессияи сталинӣ…

Зиндагии пурихтилоф ва фоҷиавии Абдураҳим Ҳоҷибоев аз нигоҳи таърихшиносии воқеӣ ва дидгоҳи нав ҳанӯз дақиқ омӯхта нашудааст. Бархе аз таърихшиносон ва муҳаққиқини тоҷик аз ӯ ба унвони иштибоҳкор ном мебаранд, ки дар тақсими ҳудудҳои миллии кишварҳои Осиёи Миёна дар соли 1924 ба хатои фоҷиавӣ раҳ дод, ки боиси аз даст рафтани марказҳои таърихии фарҳангии тоҷикон гардид. Бархе дигар ӯро дар радифи муборизони сарсупурдаи таъсиси давлати мустақили тоҷикон ва қаҳрамонони миллӣ мегузоранд.

Дар остонаи истиқбол аз 110-солагии ӯ китоби бузургҳаҷми «Абдураҳим Ҳоҷибоев. Осор ва пайкор» нашр ва рисолаи ӯ «Таджикистан» (соли таълиф – 1924, нашри бо такмил - 1929) дар Хуҷанд бо теъдоди маҳдуд бознашр шуд. Маҷмӯаи аввал навиштаву таълифоти Абдураҳим Ҳоҷоев ва як рисолаи таҳқиқотии «Абдураҳим Ҳоҷибоев ва исботи ҳастии маънавии тоҷикон» - ро дар бораи зиндагинома ва фаъолияти ӯ дар бар мегирад. Дар хиёбони «Ситораҳои Хуҷанд» нимпайкараи ӯ бо навиштаи мухтасари «Абдураҳим Ҳоҷибоев, 1900 - 1938» раҳгузаронро ба ёди ӯ меандозад.

Абдураҳим Ҳоҷибоев ва тақсими ҳудудҳои миллӣ

Яке аз муаллифони ин рисола, донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, он ақидаро, ки тоҷикон бар асари сиёсати ба истилоҳ «табартақсим»-и шӯравӣ, иштибоҳҳои бузург ва хатокории аъзои зеркомиссияи тоҷикон, махсусан раҳбари он Абдураҳим Ҳоҷибоев зимни тақсими ҳудудҳои миллии Осиёи Марказӣ дар соли 1924 Тоҷикистонро аз марказҳои аслии таърихиву фарҳангиаш ҷудо карда, ба тангно кашиданд, бепоя меҳисобад.

Шакурӣ Ҳоҷибоевро шахсияти барҷастаи таърихӣ номида, мегӯяд, дар зеркомиссияи тоҷикӣ ҳамагӣ се нафар - Ҳоҷибоев, Чинор Имомов ва Мухтор Саидҷонов буданд ва ин зеркомиссия ҳеҷ кор карда натавонист. Шакурӣ мутмаин аст, ки тамоми нақшаи тақсими ҳудуди миллии давлатҳои Осиёи Миёна дар Маскав таҳия шуда омада буд ва ба манфиати Узбакистон буд.

Ба гуфтаи академик Шакурӣ, зеркомиссияи тоҷикон рӯзи 16-уми августи соли 1924, чаҳор рӯз пеш аз оғози ҷаласаи Комиссияи марказии тақсимоти ҳудудҳои миллӣ таъсис ёфта буд. Чизи ҷолиб ба гуфтаи вай, он аст, ки зеркомиссияи тоҷикон дар кори комиссияи марказӣ бо овози машваратӣ иштирок мекарданд.

Иштибоҳоти зеркомиссияи тоҷикӣ

Аз нигоҳи Субҳони Аъзамзод, муҳаққиқи зиндагӣ ва осори Абдураҳим Ҳоҷибоев, бо ҳукми таърих дар ҳамон лаҳзаи басо мураккабу печида ва ҳассос рисолати намояндагӣ аз халқи тоҷикро бар дӯши Ҳоҷибоеви ҷавону ноозмӯда гузошта шуд. Субҳони Аъзамзод мегӯяд, таънаи тарсуиву хиёнат, ки ба Ҳоҷибоев мезананд, бар ӯ комилан бегона буд.

Ба навиштаи Шукур Султонов, доктори илми таърих, Ҳоҷибоев ғайриирода пермонуи сарнавишти тоҷикон ба хатову саҳви ҷиддӣ роҳ дод. Ӯ соддалавҳона бар он ақида буд, ки ҳудудҳои аслан тоҷикӣ, аз ҷумла шаҳрҳои қадимии Самарқанду Хуҷанд муваққатан дар ҳудуди Узбакистон мемонанд ва бо фаро расидани вазъи мусоид ба Тоҷикистон бозпас мегарданд.

Субҳони Аъзамзод мегӯяд, сипас давраи асосии фаъолияти Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ду марҳала, дар соли 1924 ва аз он то соли 1929, сарфи ҳамин хатову иштибоҳ гардид ва «то ҷое, ки ҳамин миллатдӯстиву талошҳояш» дар роҳи давлати мустақили тоҷикон дар ҳайъати давлати Шӯравии собиқ сари ӯро бо гуноҳони сангини сохтаи зиёд, аз ҷумла «миллатгароии буржуазӣ» бар бод дод.

Устод Шакурӣ: «Абдураҳим Ҳоҷибоев - қаҳрамони миллат»

Устод Шакурӣ мегӯяд, аз хидмати таърихии зеркомиссияи тоҷикӣ низ буд, ки дар соли 1924 Тоҷикистон на ба шакли вилояти мухтор, балки ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати давлати Узбакистон арзи ҳастӣ ёфт. Баъд дар соли 1929 дар пайи кӯшишҳо ва талошҳо ба ҷумҳурии алоҳида табдил ёфт. Ба нақли устод Шакурӣ, ҷолибтарин ва дурахшонтарин лаҳзаи зиндагии Абдураҳим Ҳоҷибоев (он замон муовини раиси Шӯрои нозирони халқи ҶМШС Тоҷикистон) ба соли 1929 рост меояд, ба Маскав, ба ҳузури Сталин рафт (баъд аз номаҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳи Шотемур ба Маскав бо тарҳи таъсиси давлати алоҳидаи Тоҷикистон), ба ҳузури Сталин роҳ ёфт, ҳамчунон суҳбат кард, ки Сталинро розӣ кард, то Тоҷикистон аз Узбакистон ҷудо ва ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ шавад.

Ба қавли устод Шакурӣ, аммо дар оқибат Сталин аз тасмими худ пушаймон гашт ва он рафтори А. Ҳоҷибоев мисли дидаву дониста, худро дар оғӯши оташ задан буд. Устод Шакурӣ дар радифи Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳи Шотемур 5 муборизони ҷаррори муқобили пантуркизм ва муборизони таъсиси давлати Тоҷикистон: Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Аббос Алиев ва Нисормуҳаммади Афғонро шоистаи унвони «қаҳрамонони миллати тоҷик» меҳисобад.

«Таърихи он давра таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад»

Вале таърихшиноси тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, таърихи даҳаҳои бисту сии асри 20 – и таърихи тоҷикон ба мавзӯъ аз дидгоҳи нисбатан дигар назар мекунад. Вай ҳам бар он аст, ки тасмими таъсиси давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав аз сӯи давлати Шӯравӣ бе назардошти воқеият рӯи даст гирифита шуда буд ва агар аъзои зеркомиссияи тоҷикон талош ҳам мекарданд, дар ислоҳи он коре аз дасташон намеомад, аз рӯ ҳама айбро дар иштибоҳи тақсими миллӣ сари онҳо гузоштан нашояд.

Аммо аз сӯи дигар, ба назари Нуралии Давлат, ходимони сиёсии тоҷики солҳои 20 –и пурихтилоф, хусусан дар марҳалаи аввал, аз нигоҳи худшиносии миллӣ ба чунин талошу пайкор омода набуданд ва таъсиси давлати алоҳидаи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳам ба пайкору талошҳои онон бастагии умда надошт. Нуралӣ Давлат мегӯяд, қабл аз он ки дар бораи қаҳрамонҳои асри 20 ҳарф зад, бояд таърихи асри 20-ро аз нигоҳи нав, аниқу дақиқ ва ҳамаҷониба омӯхт.

Ба бовари ҷаноби Давлат, дар замони сохтани ҳукумати шӯроҳо ва тақсими ҳудудҳои миллӣ аз давлатмардони тоҷик зуҳури худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, шояд ба сабаби камсаводии сиёсӣ ба назар намерасад. Қисмате аз онҳо, мисли Абдулло Раҳимбоев ва Абдуррауфи Фитрат дар Туркия таълим дида, ошкоро ба ҷараёни пантуркистӣ гаравида буданд ва тоҷик будани худро аслан рад мекарданд.

Нуктаи дигари муҳим аз нигоҳи таърихшиноси тоҷик Нуралии Давлат ин буда, ки дар соли 1929 Маскав ба таъсири он ки дар Афғонистон тоҷикон таҳти раҳбарии Амонуллоҳхони Калаконӣ ё «Бачаи Саққо» сари қудрат омаданд, давлати алоҳидаеро бо номи ин халқ дар Осиёи Марказӣ низ таъсис дод, то дар оянда судури «инқилоби ҷаҳонӣ» ба ин кишвар осон гардад. Вагарна эҳтимол дошт, талошҳои давлатмардони Тоҷикистони автономӣ барои табдил кардани давлати ҷудогона боз ҳам ба ҷое нарасад.

Мухтасари тарҷимаи ҳоли Абдураҳим Ҳоҷибоев

Абдураҳим Ҳоҷибоев соли 1900 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи боғбон ба дунё омадааст. Вай дар солҳои 1912 – 1914 дар мактаби маҳаллии русӣ таълими ибтидоӣ гирифта, баъдтар Донишгоҳи халқии Туркистонро дар шаҳри Тошканд бо ихтисоси мутахасиси соҳаи кишоварзӣ хатм кардааст. Тақрибан 15 соли зиндагии Ҳоҷибоев аз соли 1918 то соли 1933, сарфи вазифаҳои гуногуни кишоварзиву хоҷагидорӣ ва сиёсӣ дар бунёди сохтмони шӯравӣ шудааст.

Абдураҳим Ҳоҷибоев узви зеркомиссияи тоҷикон дар комиссияи тақсими ҳудудҳои миллӣ ва аз октбяри соли 1929 то соли 1933 раиси Шӯрои нозирони халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Муҳаққиқин хидматҳои ӯро дар бунёди муҳимтарин бахшҳои хоҷагии Тоҷикистони он давра, саноат, ҳарҳанг, кишоварзӣ муҳим медонанд. Аз ҷумла, корхонаҳои абрешими Хуҷанд, шоҳибофии Душанбе, коркарди фулузоти Консой, неругоҳи обии барқи Варзоб, қисмати бузурги роҳҳои нақлиётӣ дар ҳамон давра бунёд шудааст.

Соли 1933 Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифаи раиси ҳукумати Тоҷикистон ва Нусратулло Махсум аз вазифаи котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ, раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон бо гуноҳони зиёд, асосиаш - «миллатгароии буржуазӣ» сабукдӯш ва ҳамроҳ барои таҳсил дар донишкадаи профессураи сурх ба Маскав бурда шуданд. Дар соли 1938 бо ҳамин гуноҳ (баъд аз як соли қатли Нусратуллоҳ Махсум) кушта шуд.

«Ҳоҷибоев ҳамроҳи қурбониёни репрессияи сталинӣ мадфун аст»

Фарҷоми фоҷиавии зиндагии Абдураҳим Ҳоҷибоевро наберааш аз сӯи модарӣ - Матлубаи Мирзоюнус, аз муҳаққиқони осор ва зиндагиномаи ӯ, ёд мекунад, баъд аз мавриди репрессияи сталинӣ қарор гирифтани Абдураҳим Ҳоҷибоев зану фарзандонаш ҳам мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтанд ва солҳои зиёдеро дар Русия дар бадарға сипарӣ карданд. Танҳо дар соли 1958, давраи нармии сиёсати хрушевӣ Ҳоҷибоев дар қатори дигар қурбониёни репрессияи сталинӣ сафед гардид.

Ҳоло дар куҷо будани қабри ӯ маълум нест, аммо маълум аст, ки ҳамроҳи ҳаммаслаконаш мадфун аст.
XS
SM
MD
LG