Раҷабалии Роғӣ, узви Кумитаи марказии Ҳизби комунистии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми сӯҳбат бо шоҳидони кӯҳансол маълум карданд, ки баъди иҷлосияи 20-уми Ҳизби комунистии Шӯравӣ, ки ба «шахсиятпарастии хрушёвӣ» дар шӯравӣ асос гузошт, ин ҳайкал шабона дар чуқурии 2 метр зери замин гӯронида шудааст.
Ин узви содиқи Ҳизби коммунист мегӯяд, дар Боғи марказии Кӯлоб ҳайкали Ленин ва Сталин паҳлӯи ҳам гузошта шуда буданд, вале дар солҳои 60-уми асри гузашта, шабона ба таври номаълум ин ҳайкал ғайб зада буд ва аз тарс дигар касе суроғи он накард.
Ҳоло ӯ, ба ҳукумати шаҳр пешниҳод дорад, то ҳайкал аз зери хок берун карда шавад: "Ҳайкали Сталинро гӯр карданд, вале идеяҳои онро дар дили мардум гӯр карда натавонистанд. Орзу, хоҳиш ва талаб дорам, ки ин ҳайкал аз зери хок берун карда шавад ва дар паҳлӯи Ленин дубора гузошта шавад. Набояд хидмати ин абармарди таърихро фаромӯш кунем. Агар ин ҳайкал ба ҳукуматдорон лозим набошад, аз хок берунаш кунанд ва ман розиам, ки онро дар хонаи шахсиам нигоҳубин кунам".
Дар ҳамин ҳол, Шараф Азиз, директори Боғи марказии Кӯлоб мегӯяд, дар зери хок будани ҳайкали Сталинро бори аввал мешунавад. Аммо ӯ мегӯяд, тасмим аст, Боғи Марказии Кӯлоб бозсозӣ шавад. Дар ин сурат агар ин гуфтаҳо воқеият дошта бошанд ва он ҳайкал қимати таърихӣ дошта бошад, эҳтимол зимни бозсозиҳо ҷустуҷӯ шавад.
Аммо сокинон мегӯянд, дигар ба дубора барқарор кардани ин ҳайкалҳо ҳоҷат намондааст.Садриддин, як сокини Кӯлоб мегӯяд, «ба ҷои Ленину Сталин бояд ҳайкали пешвоёни худро гузорем: "Дар вақташ инҳо ба халқи тоҷик он қадар хубӣ накардан. Ленин имконият надод, ки давлати тоҷикон пурра ташкил шавад. Сталин ҳазорон падару бобоҳоямонро бадарға карду кушт. Чеҳраи инҳоро то ҳол мо хуб намешиносем, вагарна, на худашонро суроғ мекунем, на ҳайкалашонро. Ба ҷои инҳо ҳайкали шоирони худамон ва Спитамену Темурмалик гузошта шавад, хубтар аст"
Аммо Меҳриниссо, як сокини Кӯлоб мегӯяд, набояд хубиҳои Ленину Сталинро фаромӯш кунем. Ӯ гуфт: «Онҳо дар ҳаққи халқи тоҷик некиҳои зиёд карданд. Онҳо қаҳрамон буданд ва мо набояд некиҳои онҳоро фаромӯш кунем. Зиндагии халқи тоҷикро онҳо хуб карда буданд ва ба қадри деҳқон расиданд. Дигар кӣ барои мо чунин корҳоро кард?»
Ҳоло дар Боғи марказии шаҳри Кӯлоб ягона ҳайкали Ленин боқӣ мондааст.
Ин ягона ҳайкали Ленин ҳаст, ки коммунистони кӯҳансоли кӯлобӣ рӯзи 22-уми апрел, яъне дар зодӯзи ин шахсият ба зераш гул мегузоранд.