Сарфи назар аз ҳазорҳо қурбонии саркӯбҳои сталинӣ дар Тоҷикистон, ин кишвар ҳанӯз иттилои комил ва Китоби хотира дар бораи ҷабрдидагон надорад.
Мо як худшиносии қарияии ибтидоӣ дорем. Ҳар касе қаҳрамони худро дорад. Ғармиҳо Нусратулло Махсумро гиромӣ медоранд, помириҳо – Шириншо Шотемурро, хуҷандиҳо Абдураҳим Ҳоҷибоевро.Камол Абдуллоев
"Сталин гунаҳкор нест"
Иноятхоҷа Азизов яке аз ҳазорон шаҳрванди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки новобаста аз талошҳояш барои хидмат ба манфиати коммунизм ва Сталин, мавриди саркӯб қарор гирифт.
Тавре набераи ӯ Рустам Азизӣ нақл мекунад, бобои Иноятхоҷа роҳи дарози карйерасозиро аз таҳсил дар интернат, коллеҷи омӯзгорӣ ва донишкадаи омӯзгориии Самарқанд то кор дар мансаби муовини мудири шуъбаи маорифи халқи вилояти Ӯротеппа (ҳоло шаҳри Истаравшани вилояти Суғд) пушти сар гузоштааст. Дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бар асари маъюбии чашм ба ҷойи ҷабҳа, Азизов ба заводи танки Челябинск афтод ва он ҷо ба ҳайси муҳосиб ва тарҷумони коргарони тоҷик заҳмат кашид.
Баъди ҷанг ба ватан баргашт ва дар зодгоҳаш Ӯротеппа корманди бонк шуд. Вале соли 1947, дар замони поксозиҳои баъдиҷангӣ, Иноятхоҷа ба азонихудкунӣ ва пинҳон кардани моликияти ҷамъиятӣ, зоҳиран ба ин далел, ки ӯ аз як хонаводаи рӯҳонӣ буд, айбдор шуд ва барои 7 сол зиндонӣ гардид.
Дархости афваш ба номи Сталин вазъиятро бадтар мекунад ва болои 7 сол боз се соли дигар бо адои ҷазо илова мешавад. Ҳарчанд саркӯб барои Азизов бо натиҷаи маргбор тамом нашуд ва ӯ баъди марги Сталин дар соли 1955 озод шуд, таъсири худро ба тамоми умри боқимондааш гузошт.
Ба гуфтаи Рустам Азизӣ, пешинаи ҷиноятӣ ба бобояш имкон надод, ки дар муносибати наздик бо пайвандонаш бошад, зеро бародараш корманди пулис буд ва намехост барои ӯ мушкил эҷод кунад. Аз ин хотир, сарфи назар аз доштани таҳсилоти олӣ ӯ маҷбур буд то синни нафақа ба сифати маъданкан кор кунад. "Бо вуҷуди ин ҳама, ӯ то поёни умр Сталинро дӯст медошт ва ба ин назар буд, ки ҳама он чи ки бо ӯ рух додааст, бар асари нофаҳмиҳо буда ва гунаҳкор мақомдорони маҳаллӣ мебошанд”, - нақл мекунад Азизӣ.
Дар ҳамин ҳол, муносибати фарзандон ва набераҳои Азизов ба давраи сталинӣ шадидан манфӣ шуд.
“Саркӯб ба рафти таърих асар гузошт”
Саркӯбҳои ҷамъии солҳои сиюм ба қишрҳои гуногуни аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони зиёиён, хидматчиёни давлатӣ, деҳқонон, рӯҳониён ва мардуми муқаррарӣ таъсир гузошт ва мавриди бадарға, зиндон ва ҳукми қатл (парондан) қарор гирифтанд.
Таърихдони тоҷик Камол Абдуллоев ба ин назар аст, ки саркӯб дар Тоҷикистон бисёр таъсири шадиде ба рафти таърих гузошт, зеро кишвар аз марказҳои фарҳангии шаҳрии худ бурида шуда буд ва ниёз ба кадрҳои таҳсилдида дошт.
“Ба истилоҳ, муллоҳои бисёре буданд, ки аслан таҳсилро то замони пеш аз инқилоб фаро гирифта буданд. Пеш аз ҳама, онҳо мавриди саркӯб қарор гирифтанд. Вақте саркӯбҳо оғоз шуд, бисёре аз тоҷикон маҳбасро мунтазир нашуда, фирор карданд. Баъзеҳо ба Афғонистон рафтанд, бисёриҳо ба Тошканди Узбекистон, ки он ҷо пинҳон шудан осонтар буд. Тоҷикистони Шӯравӣ дар умум бештари даврони худро дар вазъияти нооромӣ ва бесуботӣ пушти сар гузошт”, - дар як посухӣ катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт профессор Абдуллоев.
Бидуни ҳофизаи таърихӣ
Мувофиқи омори умумии ҳабсҳо, мақомоти НКВД ҶШС Тоҷикистон танҳо дар солҳои 1937-1938 беш аз 15 ҳазор нафарро мавриди саркӯб қарор додаанд, ки бештари онҳо паронда шуданд. Маълумоти дақиқ ва ҳатто тахминии шумораи қурбониёни “террори сурх” дар Тоҷикистон то кунун гуфта нашудааст.
“Саркӯбҳо вобаста ба давраҳои таърихӣ ҳар гуна буданд. Агар дар солҳои аввал қурбониҳо нафароне мешуданд, ки дар Русияи Подшоҳӣ ва Бухорои амирӣ фаъолият карда буданд, баъдтар вақте заминҳо ба нафъи давлат гирифта шуданд, шуруъ ба ҷазо додани заминдороне карданд, ки муқобили сохтани колхозҳо буданд. Аз соли 1936 аллакай саркӯби кормандони ҳизбӣ ва ходимони давлатӣ шуруъ шуд”, - мегӯяд журналисти тоҷик Қурбони Аламшо.
Ӯ аз шумули муҳаққиқонест, ки ин мавзуъро дар бойгониҳои Тоҷикистон ва Шӯравии пешин омӯхтааст. Натиҷаи тадқиқоти ӯ дар соли 2013 нахустин китоби бузургҳаҷм дар Тоҷикистон перомуни саркӯбҳои сталинии солҳои 20-30-юми асри гузашта – “Помир 1937” шуд. Дар ин китоб муаллиф муваффақ ба ҷамъоварии маълумот роҷеъ ба 16 қурбонии саркӯбҳои сталинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз талафоти бузурги инсонӣ дар он давра, то кунун дар Тоҷикистон тадқиқоти ҷиддии илмӣ дар ин мавзӯъҳо гузаронда нашудааст ва маълумоти бештари бойгониҳо то имрӯз зери муҳрӣ “махфӣ” қарор доранд.
Ҷамъияти “Мемориал” дар Русия бар пояи Китоби Хотира, ки дар бештари ҷумҳуриҳои пешини Шӯравӣ таҳия шудааст, дар мавриди қурбониёни саркӯбҳои сталинӣ пойгоҳи ягонаи маълумоти “қурбониёни террори сиёсӣ дар ИҶШС”-ро сохтааст, ки дар ҳоли ҳозир шомили 3 миллиону 100 ҳазор парванда аст. Аммо, тавре дар сайти ин ниҳод гуфта мешавад, ин на бештар аз чаҳор як ҳиссаи шумораи умумии қурбониёни террори сиёсӣ мебошад.
Ирина Островская, корманди бойгонии “Мемориал”, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки перомуни Тоҷикистон онҳо тақрибан маълумоте надоранд, зеро ин кишвар то кунун қонун “Дар бораи сафед кардани қурбониёни саркӯбҳои сиёсӣ”-ро напазируфтааст ва дастрасӣ ба иттилооти марбут ба саркӯбҳо номумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, миёни кишварҳои минтақа дар ин росто аз ҳама пештар Қазоқистон рафт, ки дар ин кишвар қонуни зидахл пазирифта шуд ва онро худи Нурсултон Назарбоев пуштибонӣ мекард.
“Китоби хотира метавонад ниқобҳоро берун кунад"
Ба ин тартиб, бисёриҳо, ҳатто бештари қурбониёни саркӯбҳои сталинӣ дар Тоҷикистон на танҳо сафед карда нашудаанд, балки ҷомеа онҳоро фаромӯш кардааст.
Таърихдонҳо далелҳои гуногуни набуди Китоби миллии хотираро ном мебаранд. Касе инро ба машрут ба ангезаҳои сиёсии раҳбарони Тоҷикистон медонад, касе адами алоқамандии илмӣ ба ин мавзуъро ном мебарад. Олими таърихдон Камол Абдуллоев инро марбут ба ду омил медонад:
- “Омили объективӣ. Пеш аз ҳама худшиносии заифи миллӣ. Мо як худшиносии қарияии ибтидоӣ дорем. Ҳар касе қаҳрамони худро дорад. Ғармиҳо Нусратулло Махсумро гиромӣ медоранд, помириҳо – Шириншоҳ Шоҳтемурро, хуҷандиҳо Абдураҳим Ҳоҷибоевро. Ҳол он ки ин гиромидошт ба василаи навиштаи шарҳиҳолие сурат мегирад, ки дар онҳо “саркӯб шуд – паронда шуд – сафед шуд” бо як банд ишора мешавад ва ҳеч гуна баҳогузории таърихи он давра вуҷуд надорад. Ҳеч гуна ҳукму баҳогузорӣ нест, танҳо ёдоварии фактҳо ва халос. Ин сукути махусус марбут ба тамоми таърихнигории тоҷик аст.
- Омили субъективӣ. Бештари тоҷикон ба даврони Шӯравӣ ва Сталин муносибати махсуси боэҳтироме доранд, ки дар маҷмуъ онҳоро аз интиқоди саркӯбҳои ин давра боз медорад.”
Ин донишманд мегӯяд, таърихнигории тоҷик таъйид мекунад, ки ҳокмияти Шӯравӣ сарфи назар аз тамоми иштибоҳҳои содиршуда, тоҷиконро аз ҳамҷо шудан (ҳамбастагӣ) бо “пантуркистҳо” наҷот дод. Интиқоди саркӯбҳо ногузир ба интиқоди Сталин меоварад, ки барои бештари тоҷикон “қаҳрамони харизматик ва наҷотдиҳанда”-ест.
Боз шудани бойгониҳо, ба гуфтаи Камол Абдуллоев, метавонад бесуботиеро дар афкори оммавӣ ба вуҷуд биоварад, зеро аксари ходимони Шӯравӣ, ки пештар ба таври мусбат баҳогузорӣ мешуданд, имкон дорад мақоми баланди иҷтимоии худро ба далели шарикӣ дар саркӯбҳо аз даст бидиҳанд. Дар баробари ин, Абдуллоев бар ин бовар аст, ки боз кардани бойгониҳо масъалаи вақт аст, ки дер ё зуд ҳалли худро меёбад.
Дар ҳамин ҳол, бештари тоҷикистониҳо то кунун моил ба тавҷеҳи саркӯбҳои сталинӣ ҳастанд ва онҳоро ба унвони як зарурати сиёсӣ тавзеҳ медиҳанд. Муносибати возеҳи хуб ва ё бад дар ҷомеаи Тоҷикистон дар робита ба Сталин вуҷуд надорад. Хулосаҳои расмӣ аз сабақҳои гузашта дар Тоҷикистон то кунун бароварда нашудааст ва ҷиноятҳои маҳкумнашудаи гузашта воқеияте барои такрор шудан дар оянда доранд.
Шумораи умумии қурбониёни сталинӣ дар қаламрави ИҶШС то кунун маълум карда нашудааст. Бар пояи маълумоти тахминии ниҳоди мудофеи ҳуқуқии “Мемориал” аз соли 1921 то соли 1986 дар ИҶШС беш аз 5 миллион одам бо парвандаҳои сиёсӣ маҳкум ба зиндон ва ҳукми қатл шуданд.