Дар даҳ рӯз се шахси бехонаву дар ё бесарпаноҳ дар хиёбонҳои маркази вилояти Суғд ҷон додаанд. Яке аз онҳо Наташа Шигинаи 38-сола аст. Ҷасади ӯро 26-уми декабр дафн карданд. Масъулони созмони маҳаллии “Диёр” мегӯянд, Шигина ва бесарпаноҳони дигар асосан аз беморӣ ва гуруснагиву сармо фавтиданд.
Наташа Шигинаи 38-сола ҳафтае пеш дар бораи саргузашташ ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақл кард. Вай гуфт, дар кӯдакӣ аз волидон маҳрум шуду бехонаву ҷой монд ва чанд муддат боз аз бемории саратон азоб мекашад.
Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони “Диёр”, рӯзи 28-уми декабр гуфт, ки бо мадади ихтиёриён ӯро дафн карданд. “Ба мо аз мақомоти интизомӣ ёрӣ доданд. Аз идораи додситонӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, ёрии таъҷилӣ, сардхона, масъулони қабристонҳои Хуҷанд кумаки фаврӣ расониданд. Ӯро ба хонаи охират гусел кардем,” – афзуд ӯ.
Аз Наташа Шигина як духтари 12-сола мондааст. Ҳоло дар яке аз мактаб-интернати Хуҷанд мехонад. Хонум Шигина дар суҳбати ҳафтае пеш орзу дошт, ки тақдири духтараш ба ӯ монанд нашавад. “Ман дар ятимхонаи Душанбе калон шуда, баъд ба инҷо омадам. Ин қиссаи дурудароз аст. Пештар дар ошхонаҳо кор мекардам, вале ба сабаби беморӣ солҳост, ҳаминҷо мешинам,” – гуфта буд Наташа Шигина.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳангоми беморӣ ба ӯ роҳгузарон ва ҳамтақдиронаш мадад мекарданд. Дар гӯшаи вайронае, ки зиндагӣ дошт, бо бесарпаноҳони зиёде рӯбарӯ шудан мумкин аст.
Алиса Шиндавлетова, дӯсти Наташа Шигина, мегӯяд, “аз Қазоқистон омадам. Он вақт ба сабаби коронавирус марз баста буд. Ба инҷо омадам. Ин зан ҳаминҷо буд. Ҳамроҳ дар як долон зиндагӣ мекунем. Инҷо шароит нест, ҳоҷатхонаву ҳаммом дар берун аст, бинед, ҳуҷраҳо хунуканд.”
Мақомот намегӯянд, ки барои ба зиндагии маъмулӣ баргардондани афроди бехонаву дар ё оворагард чӣ барнома доранд. Мутахассисон мегӯянд, як мушкили асосии бесарпаноҳон надоштани ҳуҷҷат аст. Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талош доранд, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.
Ба қавли Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони “Диёр”, “бисёр таассуфовар аст, ки дар даҳ рӯз 3 бесарпаноҳ фавтиданд. Яке аз онҳо пиронсол буд, дуи дигар ҷавонтар. То ҳол дар мавриди кор бо бесарпаноҳон ягон навигарӣ нест. Аксари онҳо кумаки давлатро интизор ҳастанд. Фақат давлат метавонад, дар ин ҳолат ба онҳо мадад кунад.”
Созмони "Диёр" дар Хуҷанд дар охири моҳи сентябри соли 2021 бо мадади Бунёди Нотабене ва ихтиёриён шахсони бесарпаноҳро дар Суғд муайян кард ва дар миёни онҳо пурсиш гузаронд.
Таҳқиқ маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ ҳастанд. Муаллифон мегӯянд, дар ду сол танҳо дар Хуҷанд 30 шахси бехонумон дар кӯчаву гаражҳо ва ҷойҳои дигар фавтиданд. Синни миёнаи онҳо 35 аст.
Гуфтугӯ