Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз поймолшавии ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Хабаргузории расмии ТАСС навиштааст, Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати таҳқиқоти стратегии ВКХ-и Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи машваратии Маскав оид ба Афғонистон, рӯзи 16-уми ноябр гуфт: “Мо борҳо дар заминаи шикори ҳамаҷонибаи тоҷиктарборҳо изҳори нигаронӣ кардаем, ки ба таври барҷаста дар вилояти Панҷшер, шаҳри Кобул ва чанд ноҳияи шимоли Афғонистон мушоҳида мешавад. Ҳамарӯза (дар Афғонистон) бо баҳонаи ҳамкорӣ (-и тоҷикон) бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон куштор сурат мегирад”
Ӯ афзудааст, "мо зидди нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои қавмии мухталиф, занон, собиқ низомиёни ҳукуматӣ ва аҳли фарҳанги Афғонистон қотеона садо баланд мекунем". Дипломати тоҷик дар ҷаласаи Маскав таъкид кардааст, ки Душанбе бар ин аст, ки дар Афғонистон то ҳол як ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама гурӯҳҳои сиёсию қавмӣ эҷод нашудааст.
Рӯзи чоршанбе дар пойтахти Русия ҷаласаи навбатии “Формати Маскав оид ба Афғонистон” оғоз шуд, ки бар хилофи таҷрибаҳои гузашта, ин навбат бидуни ҳузури «Толибон» - гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон ҷараён мегирад. Замир Кобулов, сардори раёсати дуюми Осиё дар ВКХ-и Русия ҳам пеш аз ҷаласа ба журналистон инро тасдиқ кардааст. Мавқеи Толибон ҳанӯз маълум нест.
Ба иттилои расмӣ, дар ҷаласаи Маскав имрӯз мақомот аз Русия, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Туркманистон, Узбекистон ва ҳам Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ҳамчунин дар ин нишаст намояндагони Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ ва Туркия ҳам чун меҳмон ҳузур доранд. Ҷаласаи охир дар ин шакл дар Маскав 20-уми октябри соли 2021 бо ширкати муовини раиси ҳукумати муваққатии Толибон, Абдусалом Ҳанафӣ барпо шуда буд.
Гуфтугӯ