Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷоҳид гуфтааст, "хоҳони равобити нек бо Душанбе" ҳастанд. Паёми нави "Толибон" ба Тоҷикистон


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз соли 2015
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз соли 2015

Ба гузориши Радиои Афғонистони Озод, ҳукумати "Толибон" дар идомаи кӯшишҳояш барои ба расмият шинохта шудан аз сӯйи кишварҳои ҷаҳон, гуфтааст, дар ҷустуҷӯи робитаи нек бо ҳамаи ҳамсояҳо, бахусус Тоҷикистон, аст.

"Толибон", ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, тақрибан се моҳ пеш назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон "аморати исломӣ" ташкил кард. То ин дам ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон", рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, доштани равобити хуб ба амнияти минтақа таъсири мустақим дорад.

Вай афзудааст: "Ҳукумати мо мехоҳад, бо ҳама ҳамкор бошад, чи дар бахши иқтисод ва чи дар бахши ҳамлу нақл ва рафтуои афғонҳо. Бахусус бо Тоҷикистон мехоҳад, равобити хуб дошта бошад, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорат ва бахшҳои дигаре, ки он кишвар нигаронаш аст."

Бино ба иттилои манобеи расмӣ, додугирифти Тоҷикистону Афғонистон аз моҳи январи имсол то моҳи сентябр ба 76 миллиону 700 ҳазор доллар расида буд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид

Муҷоҳид изҳороти навро дар ҳоле матраҳ мекунад, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон кишварҳои дигари ҳамсояи Афғонистон ба ҳар тарзе дар ҷустуҷӯйи доштани муносибат бо ҳукумати "Толибон" ҳастанд. То ин дам мансабдорони Узбекистону Туркманистон ва Қазоқистону Қирғизистон чанд дафъа бо масъулони "Толибон" вохӯрда, баъзе кумакҳои худро фиристодаанд.

Тоҷикистон ягона кишвар аз шумори ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки дар баробари ҳаракати "Толибон" мавқеи оштинопазир гирифтааст. Душанбе аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пуштибонӣ мекунад, ки дуним моҳ пеш бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи маъруфи зидди Шӯравӣ ва муқовимати аввали зидди "Толибон", Аҳмадшоҳи Масъуд, таъсис шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, "Толибон"-ро ба хотири нодида гирифтани ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон танқид карда, ҳамвора гуфтааст, аз як ҳукумати фарогир дар он кишвар пуштибонӣ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Илова ба ин, мақомоти Тоҷикистон аз мавҷудияти таҳдидҳои эҳтимолӣ, ба вижа дар хатти марз бо Афғонистон, нигарон ҳастанд. Ду кишвар тақрибан 1400 километр марз доранд. Ҳукумати "Толибон" гуфтааст, "ҳеч гуна хатаре аз хоки Афғонистон мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон нест".

Сухангӯи "Толибон" дар канори ин аз Тоҷикистон мехоҳад, дар корҳои дохилии Афғонистон мудохила накунад ва, ба гуфтаи ӯ, "ин кор ба нафъи ҳар ду кишвар нест".

Дар ҳамин ҳол, Зардушт Шамс, дипломати пешини Афғонистон дар Покистон ва коршиноси равобити байнулмилалӣ, мегӯяд, яке аз ташвишҳои муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ паҳн шудани фикру идоелогияи ифротии исломӣ аз Афғонистон аст.

"Ин нигаронӣ дар байни тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, вале онҳо нерӯманд ҳастанд ва намегузоранд, ки афкори ифротӣ дар кишварҳояшон густариш ёбад," -- афзуд ӯ.

Пуле бар фарози дарёи Ому. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз соли 2008
Пуле бар фарози дарёи Ому. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз соли 2008

Гурӯҳи тундрави "Толибон" 15-уми августи имсол, пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ, вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди талошҳои зиёди "Толибон" ва ҷонибҳои пуштибони онҳо, ҳанӯз ҳеч кишвар ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG