Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон". Аз таҳдиду ҳушдорҳо то додугирифти барқу мол


Гуруҳи "Толибон" иддао дорад, ки ҳукуматаш ҳамашумул аст. Акс аз моҳи августи соли 2021
Гуруҳи "Толибон" иддао дорад, ки ҳукуматаш ҳамашумул аст. Акс аз моҳи августи соли 2021

Аз бозгашти дубораи "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон тақрибан шаш моҳ гузашт. Ҳеч кишвар "аморати исломӣ"-и ин гуруҳро дар ҳамсоягии Тоҷикистон ба расмият нашинохтааст. Душанбе ҳам.

Тоҷикистон аз 25-уми августи соли 2021 хоҳони ташкили ҳукумати фарогир "бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон" дар Афғонистон аст. Толибон ҳукумати худро ҳамашумул медонанд ва ҳамзамон талаб доранд, ки ҳеч кас ба кори онҳо дахолат накунад. Ду тараф дар наздикии сарҳад тавоноиҳои ҳарбии худро ҳам ба намоиш гузоштанд.

Бо вуҷуди баъзе аз таҳдиду ҳушдорҳо, ду ҳамсоя то кунун дар масъалаи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ба созиш расида, ба қавли Толибон, додугирифти молу маҳсулотро ҳам афзудаанд. Чӣ гуна?

Муносибат бо Толибон ё мардуми Афғонистон?

Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, мегӯяд, "дар Тоҷикистон рӯҳияи зидди Толибон хеле болост" ва мавзеъгирии расмии кишвар "бештар ба имиҷсозии президент Раҳмон пайванд дорад". Вай бовар дорад, "муомилаҳои пасипардагӣ вуҷуд доранд".

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

"Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон яке аз онҳост. Ин тибқи гузориши худи ҳукумат аст. Новобаста аз он ки аҳолии кишвар бо барқ пурра таъмин нестанд, содироти он ба Афғонистон рӯ ба афзоиш дорад," – шарҳ дод Шерзамонов.

Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон тасдиқ мекунанд, вале иддаои афзоиши содироти онро намепазиранд. Раиси "Барқи Тоҷик" рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 56 миллион доллар нерӯи барқ додааст. Вазири энергетика, Далер Ҷумъа, онро дорои "хусусияти иҷтимоӣ" донист.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 2‑юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "соли гузашта содироти мол ба Афғонистон 15 миллион сомонӣ зиёд шуд. Аз Афғонистон ба Тоҷикистон низ нисбат ба соли гузашта ба маблағи беш аз ду миллион сомонӣ молу маҳсулот бештар ворид гардид."

Вазир мегӯяд, мавқеи Тоҷикистон дар муқобили Толибон тағйир наёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, мавқеи Душанбе дар баробари ҳукумати Толибон дар Афғонистон тағйир наёфтааст, вале кишвар омодааст, пул ва гузаргоҳҳои марзиро барои расондани ёриҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ боз кунад. Ба қавли вазир, ҳоло Тоҷикистон низ дар фикри фиристодани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон аст.

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд

Назари коршиносони тоҷик ба мавқеъгирӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Кобул гуногун аст. Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мавқеъгириҳои Душанбеи расмиро "дуруст" ва ҳамкориҳоро дар мавриди интиқоли барқ ба он кишвар "танҳо як додуситади иқтисодӣ" донист.

Ӯ гуфт: "Ин як гуна муносибати иқтисодӣ аст, ки ба нафъи Тоҷикистон низ ҳаст. Ин муносибати Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон аст, ки дар зимистони сард ба барқи мо ниёз доранд."

Ҷабҳа, нерӯозмоӣ ва чархболҳо

Аммо, ба назар мерасад, мушкили ҷамъшуда байни Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон дар тақрибан шаш моҳи охир кам нест. Аз қувваозмоӣ дар ду тарафи рӯди Ому гирифта, то пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷой додани ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи Толибон.

Муҳаммад Яъқуб
Муҳаммад Яъқуб

Як мушкили дигар, ба гуфтаи Толибон, чархболу ҳавопаймоҳои бандмонда дар Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд. Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб, вазири дифои ҳукумати Толибон, чаҳор ҳафта пеш дар маросиме дар Кобул ба Тоҷикистон ва Узбекистон паём дод, ки чархболҳои низомии Афғонистонро бозгардонанд ва таҳдид кард, ки агар ин кор анҷом нашавад, пайомадҳои ногуворе хоҳад дошт.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, таҳдиди Толибон аз надоштани таҷрибаи дипломатист. Ба қавли Фаридун Саидзода, ҳуқуқшиноси байнулмилалӣ дар Гаага, "Афғонистон ҳамчун давлат шинохта шудааст ва чархболҳо моликияти он давлатанд. Вале ҳукумати Толибон ба расмият шинохта нашудааст ва ин далеле барои худдорӣ аз бозпасдиҳии чархболҳо аст."

Толибон иддао доранд, ки чархболҳо моли мардуми Афғонистонанд ва ҳаққи бозпас гирифтани онҳоро доранд. Онҳо баъди ба қудрат расидан борҳо таъкид намудаанд, ки хоки Афғонистон бар зидди ҳеч кишвар истифода нахоҳад шуд ва хоҳони ҳамкории дӯстона бо кишварҳои дигаранд.

Кишварҳои атроф чӣ мехоҳанд, Тоҷикистон чӣ?

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Бо вуҷуди ин, кишварҳои гирду атрофи Тоҷикистон яке пайи дигаре бо назардошти манофеи худ бо Толибон мулоқот анҷом доданд. Ба назари мусоҳибони мо, яке аз онҳо Чин аст, ки мехоҳад Тоҷикистон низ ҳар чӣ зуд бо ҳукумати Толибон наздик бишавад.

"Чин ба захираҳои табиии Афғонистон чашм ало кардааст. Мехоҳад, аз ин вазъ ба хубӣ истифода кунад. Дувум, ҷудоихоҳони уйғур дар Афғонистон ҳамеша барои Чин хатар доранд. Толибон ҳоло онҳоро танҳо аз сарҳади Чин дуртар бурдаанд ва дар сурати зарурӣ метавонанд, аз онҳо истифода кунанд," -- мегӯяд таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров.

Коршиносони дигар рад намекунанд, ки ду кишвар ба ҳамкорӣ ниёз доранд, вале бовар доранд, ин аз сиёсати кишварҳои абарқудрат ва бархурди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон низ вобаста аст.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои фарҳангиву тамаддунӣ ва забониву миллӣ, дар Афғонистон манофеи хоси худро дорад ва бояд дар мавқеъгириҳояш фаъол бошад. “Пас аз сафари Имрон Хон, нахуствазири Покистон, ба Душанбе як тавофуқ шуд, ки Тоҷикистон метавонад бо миёнҷигарӣ миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ майдоне фароҳам кунад. Чунин умедҳо буд, вале мутассифона дар рӯзҳои пасин ин кор фаромӯш шуд. Тоҷикистон метавонад, дар ин росто корро ҷиддитар гирад," -- таъкид кард ӯ.

Ҳукумати зери ҳимояти Ғарб дар Афғонистон моҳи августи соли 2021, пас аз фирори раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва атрофиёнаш, вожгун шуд. Гуруҳи Толибон, ки фаъолияташ ҳанӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёде мамнуъст, дигарбора ҷилави қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Толибон аз соли 1996 то 2001 низ ҳокими Афғонистон буданд, вале дар пайи ҳамлаи Эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико сарнагун шуданд.

Ҳоло ин гуруҳ даъво дорад, ки дар муқоиса ба ду даҳсола пеш бархурдашро бо мардум ва кишварҳои ҷаҳон тағйир додааст ва мехоҳад, онҳоро ба расмият шиносанд. Баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ҳастанд, гуруҳи дигар мурооти ҳуқуқи одамон, озодии баёну дин ва кору таҳсили занон ва духтаронро аз шартҳои муҳими эътирофи гуруҳ медонанд. Чизе, ки Толибон мегӯянд, доранд, вале ҷаҳон бовар дорад, ки ҳанӯз нест.

XS
SM
MD
LG