Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сукути мақомот ва ташвиши мардум. Акси садои изҳороти Ҷабборов дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Изҳороти раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар бораи чоркӯчае байни Исфараву Бодканд сокинони як минтақаи марзии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Мақомот чизе намегӯянд. Ин роҳро ҷониби Тоҷикистон "275-метрӣ" ва ё Чорроҳаи Зарафшон ном мебарад, ҷониби Қирғизистон "Торт-кочо" ё Чоркӯча мегӯяд. Дар ҷараёни низоъҳои сарҳадӣ ин роҳ борҳо баста шудааст.

Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Раҳбари кишвари ҳамсоя охири ҳафтаи гузашта эълон кард, ки "Торт-кочо" ё ҳамон Чорроҳа минтақаи бетараф ё озод хоҳад буд, ки ба Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ нахоҳад дошт. Ба гуфтаи вай, дар ин минтақа 20 хонаи тоҷикистониҳо ва 3-4 хонаи қирғизистониҳо аз байн бардошта хоҳанд шуд.

Баъзе аз сокинони Исфара ва онҳое, ки аз масъала огоҳӣ доранд, мегӯянд, ин минтақа аз Тоҷикистон буда, ба Қирғизистон иҷора дода шудааст. Онҳо шарҳи тарафи Тоҷикистонро дар ин масъала тақозо мекунанд.

"Чорроҳаи стратегӣ"

Аз ин чорроҳа дар шабонарӯз садҳо мошин аз Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Чорроҳа ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистонро бо Хоҷаи Аълои кишвар ва ноҳияи Бодканди Қирғизистонро бо Лайлаки кишвари ҳамсоя мепайвандад.

Рашид Авезов, сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Исфара, мегӯяд, "ин роҳ, ки пул (купрӯк) ҳам дорад, ба иҷора дода шудааст. Онҳо мегӯянд, Ворух анклав аст. Дар ин тараф Арқа, Равот, Сулукта ва даҳҳо деҳаву ҷамоаташон ҳаст. Пас, чӣ тавр инҳо анклав нестанд? Аз Куктош то Оқтатиру Самарқандак чандин ҳазор қирғизистонӣ зиндагӣ мекунанд ва ягона роҳашон ҳамин аст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Нигаронӣ аз пешниҳоди "бетараф" эълон шудани чоррроҳа дар марз бо Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:33 0:00

Ҳафтаи гузашта Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар порлумони кишвараш гуфт, мақомдорони онҳо ва ҳамтоёни тоҷикашон дар масъалаи бетараф эълон кардани ин роҳ ба созиш расидаанд. Ӯ илова кард, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ин бора ду бор бо ҷониби Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом дод.

"Мо он (Торт-Кочо)-ро баргардонида, мақоми бетарафӣ медиҳем. Мо онҳоро мутмаин сохтем, ки на аз онҳо ва на аз мо бошад. Агар боз аз фикрашон нагарданд. Ҳудуд бетараф хоҳад буд. Мо ба Лайлак мегузарем ва онҳо ба Хоҷаи Аъло мегузаранд," – гуфт Ҷабборов.

Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳеч шакл баёнияҳои ахири мақомоти Қирғизистонро шарҳ намедиҳанд.

"Мақсад - берун овардани Лайлак аз бунбаст"?

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

Коршинос Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, "чорроҳа дар маҳаллаи Зарафшони Исфара барои ҷониби Қирғизистон аз нигоҳи стратегӣ бисёр муҳим аст. Мақсад он аст, ки мехоҳанд ноҳияи Лайлакро аз бунбасти нақлиётӣ бароранд."

Баъзе аз сокинони маҳаллаи Зарафшони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба амалӣ шудани ин қарордод бовар намекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, дар ин маҳал ҳудуди 50 оила даҳҳо сол боз зиндагӣ доранд. Хонаводаи Рашид Авезов дар муноқишаи моҳи сентябр манзилашро дар ин минтақа аз даст дод ва дубора сохту ҳарчӣ зуд ба он кӯчиданист.

"Агар чунин ният медоштанд, мо азоб кашида хонаҳоямонро намесохтем. Ба назарам, ин гап дурӯғ аст. Мақоми инҷоро бетараф мекунанд, ворухиҳо бо куҷо мераванд? Роҳи Ворухро ҳам шояд бетараф кунанд, вале баъди як моҳ мегӯянд, мо ин корро накардем. Имрӯз ин тавр гап мезананд, пагоҳ дигар хел,” – мегӯяд ӯ.

Вале баръакси ин гуфтаҳо Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, пас аз мулоқоти ахираш бо ҳамтои тоҷики худ гуфт, “Қирғизистону Тоҷикистон дар масъалаи нишонагузории сарҳади умумӣ ба иттифоқи назар даст ёфтанд.” Ҳарчанд ӯ дақиқ нагуфт, ки дар кадом минтақаҳои баҳсӣ ба хулосаи умумӣ омадаанд, дар як мусоҳибааш бо расонаи маҳаллӣ ишора кард, ки “баррасии масъалаҳо бо Тоҷикистон хуб ҷараён доранд”.

Чорроҳа
Чорроҳа

"Онҳо ҳам гузаранд, мо ҳам"

Неъмат Олимов аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯяд, агар мувофиқаи ҷонибҳо сари Чорроҳаи Зарафшон ва дигар минтақаҳои баҳсии мутааллиқ ба Тоҷикистон бошад, бояд масъалагузорӣ амиқтар сурат бигирад.

"Ин роҳ аввалан тиҷорати мардумро ба ҳам наздик мекунад ва дуюм бояд барои равуо ҳамеша бошад. Ҳоло гӯем, ки аз мост ва қирғизҳо гӯянд, аз мост, масъаларо ҳал кардан душвор мешавад. Барои ҳамин, роҳро умумӣ эълон карда, тарзе кардан лозим аст, ки онҳо ҳам гузаранд ва мо ҳам гузарем,” – шарҳ дод ӯ.

Ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории марз рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ду тараф гуфтанд, ки ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаанд, вале на ҷониби Душанбе ва на Бишкек ҳеч тафсилоте аз ин гуфтугӯҳо ва санади имзошударо нашр накарданд.

Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баёнияҳои мақомоти Қирғизистонро шарҳ намедиҳанд. Аз ҷумла, изҳороти рӯзи 17-уми ноябри президенти Қирғизистон, ки изҳори умед кард, “то поёни соли ҷорӣ” баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд, бе шарҳу вокуниши Тоҷикистон монд.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз сӣ сол боз наметавонанд, бахше аз қаламрави худро таъйину нишонагузорӣ кунанд. Аз 970-980 километр сарҳад тақрибан чаҳорсад километри он номуайян боқӣ мондааст.

Дар оғоз сокинони ду тарафи марз бо якдигар баҳси лафзиву сангпартоӣ мекарданд, аммо дар соли 2021 ва 2022 задухӯрди маргбор сурат гирифт. Дар ин ду даргирӣ аз ду ҷониб садҳо кас кушта шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG