Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи ордени Путин ба Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ дар вокуниш ба шарҳи ҳамтои қирғизи худ Чингиз Кустабаев изҳороти ӯро хилофи одоби дипломатӣ, нафратпароканӣ ва поймол кардани созишҳои ҳосилшудаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргириҳои 14-17 сентябри имсол номид.

Чингиз Кустабаев рӯзи 6-уми октябр дар паёми фейсбукии худ бо номи “Ҷоиза гунаҳкоронро ёфт” аз тарафи президенти Русия Владимир Путин бо ордени “Барои хидмати шоиста ба меҳан дараҷаи III” мукофотонида шудани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро танқид кард.

Ӯ навишт, ин ҷоиза “барои таъмини субот ва амният дар минтақа” дода шудааст ва ҷолиб он аст, ки “вақте мақомоти Тоҷикистон сулҳу оромии мардуми кишварҳои Осиёи Марказиро вайрон мекунанд, дар ин минтақа аз чӣ гуна амният сӯҳбат кардан мумкин аст”.

“Ин иқдом ба он чизе, ки мо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дидем, мувофиқ нест,” — навиштааст Кустабаев.

Раиси Департаменти иттилоот ва матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ дар посух ба ин навиштааст, ки “мансабдорони қирғиз мехоҳанд, бо изҳороти иғвоангези худ хол ба даст оранд.”

“Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба он ҷалб менамоям, ки мақомоти Қирғизистон пас аз таҷовузи мусаллаҳона алайҳи Тоҷикистон ва ҳамчунин бо мақсади пинҳон доштани амалҳои ҷиноии худ алайҳи кишвари мо бо фактҳои тасдиқнашуда ва дурӯғи нангин ҳамлаи пурқудрати иттилоотӣ анҷом доданд, ки то имрӯз қатъ нашудааст,” — навиштааст Самадӣ дар Фейсбук.

Вай ҳамчунин ишора кардааст, ки Қирғизистон дастрасӣ ба сомонаҳои Тоҷикистонро маҳдуд карда, он расонаҳои худро, ки аз ҳарду ҷониб иттилоъ додаанд, зери фишор гирифтааст. Аз ҷумла, зидди расонаи мустақили Kaktus.media барои нашри "маълумоти нодуруст" дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябри имсол сар зад ва 17-уми сентябр ба поён расид.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса беш аз 40 ғайринизомӣ кушта ва дусад нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ номи беш аз 70 кушташударо гирд овард.

Қирғизистон дар бораи 62 кушта ва беш аз дусад захмӣ гузориш дод.

Ҷанҷоли ду тараф барои хати сарҳад аст, ки дарозияш ба тақрибан ҳазор километр мерасад, вале садҳо километри он аз пошхӯрии Шӯравӣ то ҳоло таъину нишонагузорӣ нашудааст. Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси харитаву санадҳои гуногун ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG