Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Торт-Кочо ҳудуди бетараф хоҳад буд." Ҷабборов баъзе ҷузъиёти музокиротро бо Тоҷикистон гуфт


Торт-Кочо ё Чоркӯча дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон
Торт-Кочо ё Чоркӯча дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар ва дар вокуниш ба танқидҳои вакил Адахон Мадумаров баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон ошкор кард.

Мадумаров соли 2009 дар мақоми дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон санади ба иҷора гирифтани 5 гектар заминро аз Тоҷикистон барои таъмири роҳи Уш-Бодканд-Исфана ва як пул имзо карда буд. Ҳоло мегӯяд, "ин санад қувваи қонунӣ надорад ва наметавонад ба гуфтугӯҳои марзӣ таъсир расонад."

Содир Ҷабборов рӯзи 17-уми ноябр гуфт, "Шумо мегӯед, ки санади имзошудаи Торт-Кочо ғайриқонунӣ аст ва метавонед бо он ба ҳоҷатхона равед. Ҷониби дигар ин корро намекунад. Онро ба даст гирифта нишон медиҳад. Аллакай чанд дафъа нишон доданд. Дар шаҳри Остона дар мулоқоти сеҷониба низ онро нишон дода, гуфтанд, мо имзо мекунем ва боз иҷро намекунем."

Ӯ илова кард, ки пас аз ин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ду бор бо ҷониби Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом дод. "Мо он (Торт-Кочо)-ро баргардонида, мақоми бетарафӣ медиҳем. Мо онҳоро мутмаин сохтем, ки на аз онҳо ва на аз мо бошад. Агар боз аз фикрашон нагарданд. Ҳудуд бетараф хоҳад буд. Мо ба Лайлак мегузарем ва онҳо ба Хоҷаи Аъло мегузаранд," -- гуфт Ҷабборов.

Ба қавли ӯ, дар минтақаи бетараф 20 хонаи тоҷикистониҳо ва 3-4 хонаи қирғизистониҳо тахриб мешавад. Содир Ҷабборов ҷузъиёти дигари гуфтугӯҳоро ошкор накард.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Минтақаи Торт-Кочо дар байни Исфараву Бодканд ҷойгир аст. Дар Исфара онро Чоркӯча мегӯянд. Аз ин минтақа роҳи Бодканд-Исфана ва роҳи Ворух мегузарад. Дар ҷараёни низоъҳои сарҳадӣ борҳо ин роҳ баста шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз сӣ сол боз наметавонанд, бахше аз қаламрави худро таъйину нишонагузорӣ кунанд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳад тақрибан чаҳорсад километри он номуайян аст.

Дар оғоз сокинони ду тарафи марз бо якдигар баҳси лафзиву сангпартоӣ мекарданд, аммо дар соли 2021 ва 2022 задухӯрди маргбор сурат гирифт. Дар ин ду даргирӣ аз ду ҷониб садҳо кас кушта шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG