Як мансабдори баландпояи Қирғизистон хабар дод, ки кишвараш аз Туркия паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини "Аксунгур" харид, аммо шумораашро нагуфт.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 2-юми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "акнун "Аксунгур" ҳам аз мост."
Хадамоти марзбонии Қирғизистон соли 2021 аз Туркия ҳавопаймои бесарнишини "Байрактар ТБ-2" (Байрақдор) харида буд.
Ҳукумати Қирғизистон моҳи октябри соли гузашта барои навсозии таҷҳизоти низомӣ, бахусус харидани бесарнишинҳо аз Русия ва Туркия, 100 миллион доллар ҷудо кард.
Мақомоти ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гуфта буданд, бесарнишинҳо барои таъмини амнияти дифоӣ ва муҳофизати сарҳад истифода хоҳанд шуд.
Мақомоти амниятӣ ва умури хориҷии Тоҷикистон батакрор аз корбурди паҳпод ё бесарнишинҳои тавлиди Туркия зидди аҳолии осоишта ва иншооти мулкии кишвари худ дар марз хабар додаанд. Тарафи Қирғизистон ин маълумотро рад ё тасдиқ накардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст. Дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.
Гуфтугӯ