Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Тақрибан 100 ҳазор сарбози рус дар ҷанг бо Украина кушта шудааст


Украина. Акс аз бойгонӣ
Украина. Акс аз бойгонӣ

Марк Милли, раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико, гуфт, зиёда аз 100 ҳазор сарбозу афсари Русия дар ҷанг бо Украина кушта ва захмӣ шудаанд.

Ба иттилои генерали амрикоӣ, эҳтимол талафоти Украина ба ҳамин миқдор баробар аст. Бино ба ҳисоби Пентагон, тақрибан 40 ҳазор шаҳрвандии одии Украина ҳам дар ҷанг ҷон бохтаанд. Тасдиқи дурустии омор феълан мушкил аст.

Раҳбари ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, даст кашидан аз музокирот дар замони ҷанги якуми ҷаҳон боиси қатлу азоби миллионҳо нафар шуда буд. "Бинобар ин, вақте имкони ташкили гуфтушунид вуҷуд дорад, вақте имкони даст ёфтан ба сулҳ ҳаст, аз он истифода баред," - афзуд генерал Милли.

Эълони омори нави кушатшудаи ҷанги Русия дар Украина, дар ҳолест, ки ҷонибҳои даргир талош мекунанд, талафоти тарафи дигарро бештар ва омори низомиёни кушташудаи худро кам нишон диҳанд.

Русия шумори қурбониёнро ифшо намекунад. Ба иттилои Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина, то рӯзи 9-уми ноябр дар ин ҷанг беш аз 77 000 сарбози рус кушта шудааст.

Мақомоти Русия моҳи сентябр шумори кушташудаҳоро тақрибан 6 ҳазор нафар гуфта буданд.

Бахши русии"Би-би-сӣ якҷоя бо нашрияи "Медиазона" ва гурӯҳе аз ихтиёриён номи низомиёни кушашудаи Русияро ҷамъоварӣ доранд. То аввали моҳи ноябр дар ин рӯйхат исми 8300 нафар гирд оварда шуд.

Шумори талафоти ҷониби Украина ҳам ошкор намешавад. Масъулони Вазорати дифои Украина гуфтанд, ифшои омори қурбониён "ба фоидаи душман хоҳад буд". Тобистон теъдоди низомиёни кушташудаи украинӣ 10 ҳазор нафар гуфта шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG