Дар рӯзи дувуми мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби – ҷараён дорад, боз се варзишгари тоҷик аз медал бенасиб монданд.
Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 22-юми октябр - дар сабқати мардон ду паҳлавони тоҷик - Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ва Шодмон Ризоев - рақобат карданд. Наҷмиддинов дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ намуд. Рақибаш Ҷек Ёнезука аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Паҳлавони тоҷик ӯро мағлуб намуд, вале дар даври баъдӣ аз гуштигири узбекистонӣ Шаҳром Аҳадов шикаст хӯрд.
Шодмон Ризоев бошад, дар нахустин қувваозмоии худ дар вазни то 81 кило дар даври дувум ноком шуд. Ӯро Муҳаммад Ал Ҳаҷрӣ аз Арабистони Саудӣ мағлуб кард.
Инчунин рӯзи шанбе Мавлуда Одинаева дар сабқати занон дар вазни то 63 кило дар даври аввал аз Амина Белкадии алҷазоирӣ шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа – 21-уми октябр - дар сабқати мардон ду паҳлавони тоҷик - Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило – ноком шуданд.
Муслимбек, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Аҳмад Ал Нақбӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз Темур Нозадзеи гурҷӣ шикаст хӯрд.
Шаҳбоз ҳам ба рақобат аз даври дувум пардохт ва Мунис Ҳавсавиро аз Арабистони Саудӣ мағлуб кард. Аммо ӯ дар даври севум қувваозмоиро ба Мартин Алберто Гаитеро аз Испания бохт.
Инчунин дар рӯзи аввали мусобиқа дар сабқати занон дар вазни то 57 кило Шоҳида Қаландарова дар даври аввал аз намояндаи Италия Вероника Тониоло мағлуб шуд.
Дар ин мусобиқа, ки бори ҳафтум бо мақоми “Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузург” баргузор шудааст, беш аз 400 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок доранд. Рақобатҳо дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохиланд. Шаш нафари онҳо (чаҳор мард ва ду зан) иштироки худро дар мусобиқаи мазкур бидуни медал ба анҷом расониданд.
Дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми октябр – боз ҷаҳор паҳлавони тоҷик ба рақобат мепардозанд. Дар вазни то 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бо Ҳаррисон Кассар аз Австралия ва Комроншоҳи Устопириён бо Карел Фоуберт аз Белгия қувваозмоӣ мекунанд.
Абубакри Акобир дар вазни то 100 кило дар даври дувум бо Симеон Катарина аз Нидерланд ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)/Мустафо Форана (Гвинея) рақобат хоҳанд кард.
Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 2 медали тило ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Мунтахаби Италия бо касби 1 медали тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷойи дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Испания бо касби 1 медали тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи севум аст.
Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тило 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ - гирифта буданд. Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100 кило соҳиб шуд.
Гуфтугӯ